Август 14, 2021 16:30 Asia/Dushanbe
  • Баррасии салоҳияти вазирони пешниҳодӣ дар Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон

Сухангӯи ҳайати раисаи Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон, аз раванди баррасии салоҳияти вазирон дар маҷлис хабар дод.

Ба гузориши бошгоҳи хабарнигорони Ҷавон, Саиднизомиддини Мӯсавӣ, сухангӯи ҳайати раисаи Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар ҳошияи нишасти алании имрӯз (шанбе) маҷлис гуфт, Саидиброҳими Раисӣ дар номае рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта феҳратси вазирони пешниҳодии худро ба маҷлис ирсол кард.

Мӯсавӣ афзуд, эъломи вусули ин нома имрӯз аз сӯи раисиҷумҳур дар саҳни аланӣ эълом шуд. Ба гуфтаи вай, ин иқдом дар ростои қонӯни асосӣ, ки вазифаи баррасии салоҳияти вазирони пешниҳодӣ ва ироаи раъйи эътимод ба онҳоро бар ӯҳдаи маҷлис қарор додааст, анҷом шуд.

Мӯсавӣ ҳамчунин гуфт, бо поён ёфтан ҷаласаи алании имрӯзи маҷлис, камиссиюнҳои тахассусии вориди баҳсу баррасии салоҳияти вазирони пешниҳодӣ дар ҷаласоти худ хоҳанд шуд. Мӯсавӣ таъкид кард, вазирони пешниҳодӣ бо ҳузур дар 14 камиссиюни тахассусӣ ва 2 камиссиюни вижа, барномаҳои худро ироа мекунанд ва ба баҳсу табодули назар бо намояндагон хоҳанд пардохт.

Сухангӯи ҳайати раисаи Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон тасреҳ кард, 19 вазири пешниҳодии давлат аз имрӯз то рӯзи сешанбеи ҳафтаи ҷорӣ ба сӯрати рӯзона дар камиссиюнҳои тахассусӣ ва вижаи маҷлис ҳузур пайдо карда ва то охири ҳафта 270 ҷаласа бо ҳузури ин вазирони пешниҳодӣ дар камиссиюнҳо баргузор хоҳад шуд. Мусавӣ хотирнишон кард, аз ибтидои ҳафтаи оянда ба муддати 4 рӯз баррасии салоҳияти вазирони пешниҳодӣ дар саҳни алании маҷлис анҷом хоҳад шуд ва назари ниҳоии маҷлис нисбат ба ҳар як аз вазирон дар ҳамон замон эълом хоҳад шуд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп