Август 16, 2021 10:43 Asia/Dushanbe
  • Масҷидӣ аз музокироти Эрону Арабистон барои бозгушои сафоратхонахо гуфт

Сафири Эрон дар Ироқ дар гуфтугӯе ба музокироти байни Эрону Арабистон ба мизбонии Бағдод бо меҳварҳои чун бозгушоии сафоратхонаҳо дар ду кишвар ишора кард ва гуфт, ки умедворем ин гуфтгӯҳо дар мароҳили баъдӣ низ идома ёбад.

Ба гузориши рӯзи душанбеи ИРНА, Эраҷи Масҷидӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи Алъолам афзуд : Чанд давр аз гуфтугӯҳо байни Эрону Арабистон дар Ироқ баргузор шуд ва ин гуфтгӯҳо муваққатан ба иллати интиқоли давлат дар Эрон мутаваққиф шудааст .
Масҷидӣ гуфт : Музокирот шомили бозгушоии сафоратхонаҳои ду кишвар шуд ва умедворем дар даврҳои баъдӣ гуфтугӯ ба натоиҷи мусбате бирасад .
Сафири Эрон дар Бағдод идома дод : Пас аз хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ дар бахши амниятӣ  кишварҳои минтақа бояд омода бошанд, ки масъулияти таъмини ҳимояти лозим аз амнияти минтақаиро ба ӯҳда бигиранд .
Масҷидӣ таъкид кард, ки Теҳрон ошкоро ҳар гуна ҳузури Амрико дар минтақа ва ба вижаи Ироқро рад мекунад .
Сафири Эрон дар Ироқ ба ин мавзӯъ ишора кард, ки ҳар таъаррузе ба намояндагиҳои дипломатӣ дар Ироқро маҳкум мекунем, зеро ҳузури тулонитари бегонагонро асоснок мекунад .
Сафири Эрон дар Бағдод эълом кард, ки Теҳрон аз ҳеч шахс ё ҳизби ироқӣ дар муқобили ҳизби дигар дар интихоботи порлумонии оянда ҳимоят нахоҳад кард .
Масҷидӣ тасреҳ кард : Эрон муносиботи густардае бо ҳамаи ҷараёнҳо ва аҳзоб дошта ва дорад ва ин амрро дар сафарҳои гуногуни масъулони ироқӣ ба Эрон мушоҳида мекунед .
 

 

Барчасп