Бо ҳукми фармондеҳи муаззами кулли қуво; Адмирал Шаҳроми Эронӣ ба фармондеҳии нерӯи дарёии артиш мансуб шуд
(last modified 2021-08-17T10:52:47+00:00 )
Август 17, 2021 15:52 Asia/Dushanbe
  • Бо ҳукми фармондеҳи муаззами кулли қуво; Адмирал Шаҳроми Эронӣ ба фармондеҳии нерӯи дарёии артиш мансуб шуд

Бо ҳукми раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, адмирал Шаҳроми Эронӣ ба фармондеҳии нерӯи дарёии артиш мансӯб шуд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ, фармондеҳи муаззами кулли қуво дар ҳукме адмирал Шаҳроми Эрониро ба фармондеҳии нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон мансӯб карданд.

Матни ҳукми фармондеҳи муаззами кулли қуво ба ин шарҳ аст: Адмирали дувум Шаҳроми Эронӣ, назар ба тааҳҳуд ва ҳусни савобиқ ва пешниҳоди фармондеҳи кулли артиш, шуморо бо эътои дараҷаи адмирал ба симати фармондеҳи нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, мансуб мекунам. Дар ҳукми раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ омадааст, иҳтимоми ҷиддӣ ва шоиста дар баҳрабардорӣ аз зарфиятҳои нерӯ ва артиш ва нерӯҳои мусаллаҳу кишвар барои пешбурди ҷиҳодӣ ва инқилобии он нерӯ, иртиқои тавону омодагии ҳамаҷониба бар пояи рушду таъолии сармояи инсонӣ мавриди интизор аст. Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ҳамчунин, аз талошҳои муассири адмирал Ҳусайни Хонзода дар ин масъулият, ташаккур карданд.

Бештар бихонед:

Барчасп