Эрони исломӣ дар Ошӯрои ҳусайнӣ, якпорча ғарқ дар мотаму азо аст
Имрӯз панҷшанбе даҳуми муҳаррами соли 1443 -и ҳиҷрии қамарӣ, рӯзи Ошӯрои ҳусайнӣ аст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рӯзи даҳуми муҳаррам-солрӯзи шаҳодати солори шаҳидон, ҳазрати Имом Ҳусайн ( ъ ) набераи Паёмбари акрам ( с ) аст, ки дар даҳуми муҳаррами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар Карбало дар сини 57 солагӣ шаҳид шуданд . Ҳазрати Имом Ҳусайн ( ъ ) дар баёни рӯзи воқеаи Карбало ва дар роҳи Макка ба Карбало то ҳангоми шаҳодат ба сароҳат таъкид карданд : " Мақсади ман аз ҳаракат расво сохтани ҳукӯмати зиддиисломии Язид ва барпо доштани амр ба маърӯф ва наҳй аз мункир ва ӣстодагӣ дар баробари зулм ва ситамгарӣ аст ва ҷуз ҳимояти Қуръони Карим ва зинда доштани дини исломи ноби Муҳаммадӣ ҳадафи дигаре нест . "
Ин маъмурияте буд, ки Худованди мутаъол ба ҳазрати Имом Ҳусайн ( ъ ) вогузор карда буд ва барои иҷрои ин маъмурият дар зуҳри Ошӯро ба ҳамроҳи ёрони бовафояш пас аз иқомаи намози зуҳр ба дасти язидиён шаҳид шуданд .
Навҳахонӣ, синаву занҷирзанӣ ва суханронӣ бо риъояти шеваномаҳои беҳдоштӣ дар бораи ҷойгоҳу шахсияти ҳазрати Имом Ҳусайн ( ъ ) ва ҳазрати Абулфазли Аббос ( ъ ), аз барномаҳои муҳими мардуми муъмину ҳусайнии Эрони исломӣ дар шабу рӯзи солрӯзи шаҳид шудани Қамари бани Ҳошим ва сарвару солори шаҳидон ҳазрати Имом Ҳусайн ( ъ ) аст . Имсоли ҳайатҳо, масоҷид ва такяҳои азодорӣ дар саросари Эрон ба иллати шуюъи вируси корона маросими худро дар фазои боз ва бо риояти дастӯруламалҳои беҳдоштӣ баргузор карданд.