Август 19, 2021 20:01 Asia/Dushanbe

Маросими зуҳри Ошӯрои ҳусайнӣ панҷшанбе 28 мурдод аз соъати 10 бо қароъати оёте аз Каломуллоҳи Маҷид оғоз шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , қироъати зиёрати Ошӯро, дуъои Имом Ҳусайн ( ъ ) дар рӯзи Ошӯро, марсиясароии ҳоҷи Амири Ориф, иқомаи намози ҷамоату маддоҳии Саиди Қонеъ аз бахшҳои ин маросим буд.
Суханронӣ ва мақталхонӣ аз дигар барномаҳои зуҳри Ошӯро дар Ҳарами мутаҳҳари разавӣ буд .
Маросими шоми ғарибон низ бо қироъати оёти рӯҳбахши Қуръони Карим, суханронии ҳуҷҷатулислом вал-муслимин Фарзона ва марсиясароии Алии Хушчеҳра тадорук дида шудааст .
Ин маросим аз соъати 20:20 то 21 бо меҳварияти мадрасаи Мирзои Ҷаъфари Ҳарами мутаҳҳари разавӣ баргузор мешавад.

 

Барчасп