Ноябр 03, 2016 17:49 Asia/Dushanbe
  • Баргузории роҳпаймоии 13-уми обон дар саросари Эрон

Роҳпаймоии 13-уми обон (3-юми ноябр) Рӯзи донишомӯз ва Рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ дар саросари Эрон баргузор шуд.

Шаҳрвандони Эрон рӯзи панҷшанбе дар роҳпаймоии 13 обон дар Теҳрон ва шаҳру ноҳияҳои мухталиф, аз ҷумла Машҳад, Исфаҳон, Табрез, Кирмоншоҳ, Зоҳидон ва Аҳвоз бо сар додани шиорҳои “Марг ба Амрико!” ва “Марг бар Исроил!” хашми худро аз сиёсатҳои тавтеагаронаи Амрико, зулму ситами режими саҳюнистӣ зидди миллатҳои заифи ҷаҳон эълом карда, парчамҳои онҳоро ба оташ кашиданд. Ташакилотҳои донишҷӯию донишомӯзӣ дар поёни ин роҳпаймоӣ бо қироати баёнияҳои ҷудогона ҳар гуна созиш бо қудратҳои ҷаҳониро рад карда, идома ёфтани ормонҳои Инқилоби Исломӣ ва мубориза бо тавсеаталабии Амрико то расидани мардуми ҷаҳон ба истиқлолу озодиро мавриди таъкид қарор доданд.

Сардор Ҳусейни Саломӣ, ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон, ки суханрони маросими 13 обон дар Теҳрон буд, гуфт, тасхири “лонаи ҷосусӣ” (сафорати Амрико) натанҳо ба сиёсатҳои ин кишвар дар Эрон поён дод, балки салобату зоҳири як абарқудрати берақиберо дар таърихи ҳаёти башарӣ шикаст.  Ӯ бо баёни ин ки имрӯз миллионҳо инсон ба таври мустақим бар асари мудохилаҳои низомии Амрико кушта шудаанд, афзуд, зодгоҳи сиёсии гурӯҳҳои террористие, ки имрӯз оташи фитнаро дар ҷаҳони Ислом барафрӯхтаанд, Амрико аст.

Имрӯз, 13-уми обон, баробар бо 3-юми ноябри соли 2016 Рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. 37 сол пеш дар чунин рӯзе донишҷӯёни Эрон дар эътироз ба тавтеаҳои гуногуни Амрико зидди Инқилоби Исломӣ сафорати Амрикоро дар Теҳрон тасхир карданд. Мардуми Эрон сафорати Амрикоро дар Теҳрон маркази тавтеасозии зидди Инқилоби Исломӣ медонистанд ва онро "лонаи ҷосусӣ" меномиданд. 13-уми обон ҳамчунин ёдоварӣ аз ду рӯйдоди муҳими дигар дар таърихи Инқилоб Исломӣ, яъне солрузи табъиди Ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ.) ба Туркия дар соли 1343-и хуршедӣ (1964 милодӣ) ва куштори донишомӯзон ба дасти режими паҳлавӣ дар соли 1357-и хуршедӣ (1978 милодӣ) аст.