Нишони нуқраи дастандозии Осиё ба духтари эронӣ расид
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i72412-Нишони_нуқраи_дастандозии_Осиё_ба_духтари_эронӣ_расид
Навҷавони миллипӯши дастандозии Эрон тавонист ба нишони нуқраи рақобатҳои Осиё даст пайдо кунад .
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Август 22, 2021 12:14 Asia/Dushanbe
  • Нишони нуқраи дастандозии Осиё ба духтари эронӣ расид

Навҷавони миллипӯши дастандозии Эрон тавонист ба нишони нуқраи рақобатҳои Осиё даст пайдо кунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Баҳори Бадеъ-варзишкори 15 солаи аҳли устони Систону Балучистон ва узви тими миллии мучандозӣ(дастандози)и Эрон дар рақобатҳои қаҳрамонии Осиё ба мизбонии Алмотии Қазоқистон дар бахши дасти чап ба масофи руқабои худ рафт ва муваффақ шуд ду рақиби қазоқистониро шикаст диҳад.
Бадеъӣ дар сеюмин мусобиқаи худ низ дар баробари рақибе аз кишвари мизбон ба майдон рафт ва бо шикаст дар ин мусобиқа медали нуқраи вазни 70 - килограми радаи синнии навҷавононро аз они худ кард .