Муовини ҳамоҳангкунандаи Вазорати дифои Эрон озими Маскав шуд
Муовини ҳамоҳангкунандаи Вазорати дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон барои ҳузур дар намоишгоҳ ва ҳамоиши низомӣ - фаннии Русия озими ин кишвар шуд.
Амири сартип Саиди Шаъбониён, муовини ҳамоҳангкунандаи Вазорати дифоъ ва пуштибонии Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз, якшанбе ба намояндагӣ аз Вазорати дифоъ, барои ҳузур дар намоишгоҳ ва ҳамоиши низомӣ - фаннии Русия, озими ин кишвар шуд.
Намоишгоҳи низомӣ - фаннии Русия 2021 бо ҳузури 15 кишвар, бар се бахши заминӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ баргузор мешавад.
Аввалин давраи ин намоишгоҳ дар соли 2015 бо ширкати 818 ширкати тавлидкунандаи таслеҳоту адавоти русӣ, бо ҳузури ҳайатҳое аз 38 кишвари дунё баргузор шуд.
Бештар бихонед:
- Паёми табрикии вазири дифои Эрон ба вазирони дифои кишварҳои исломӣ ба муносибати иди Фитр
- Вазири дифои Эрон: Изҳороти вазири дифои Амрико ҳазёнгӯӣ аст