Муовини ҳамоҳангкунандаи Вазорати дифои Эрон озими Маскав шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i72438-Муовини_ҳамоҳангкунандаи_Вазорати_дифои_Эрон_озими_Маскав_шуд
Муовини ҳамоҳангкунандаи Вазорати дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон барои ҳузур дар намоишгоҳ ва ҳамоиши низомӣ - фаннии Русия озими ин кишвар шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 22, 2021 17:21 Asia/Dushanbe
  • Муовини ҳамоҳангкунандаи Вазорати дифои Эрон озими Маскав шуд

Муовини ҳамоҳангкунандаи Вазорати дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон барои ҳузур дар намоишгоҳ ва ҳамоиши низомӣ - фаннии Русия озими ин кишвар шуд.

Амири сартип Саиди Шаъбониён, муовини ҳамоҳангкунандаи Вазорати дифоъ ва пуштибонии Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз, якшанбе ба намояндагӣ аз Вазорати дифоъ, барои ҳузур дар намоишгоҳ ва ҳамоиши низомӣ - фаннии Русия, озими ин кишвар шуд.

Намоишгоҳи низомӣ - фаннии Русия 2021 бо ҳузури 15 кишвар, бар се бахши заминӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ баргузор мешавад.

Аввалин давраи ин намоишгоҳ дар соли 2015 бо ширкати 818 ширкати тавлидкунандаи таслеҳоту адавоти русӣ, бо ҳузури ҳайатҳое аз 38 кишвари дунё баргузор шуд.

 

Бештар бихонед: