Боздиди намояндаи СҶБ аз маркази ваксинатсияи Эронмоли Теҳрон
Намояндаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶБ) аз маркази ваксинптсияи Эронмоли Теҳрон боздид кард.
Доктор Ҷаъфар Ҳусайн субҳи чаҳоршанбе бо ҳамроҳии доктор Муҳаммади Маҳдии Гуё, раиси маркази мудирияти бемориҳои вогири Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ва доктор Алиризо Золӣ, фармондеҳи ситоди муқобила бо коронаи Теҳрон аз ин марказ боздид кард.
Ҷаъфар Ҳусайн аз тамоми мароҳили пеш аз тазриқ ва пас аз тазриқи воксан дар ин марказ боздид ва худ низ воксан тазриқ кард.
Намояндаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Эрон гуфт: Эрон танҳо кишваре аст, ки ҳазинаи воксанҳои харидоришуда аз Ковакс (ба мизони 16.8 миллион доза) -ро комил пардохт кардааст.
Ҷаъфар Ҳусайн дар ҳошияи боздид аз маркази ваксинатсияи Ковид - 19 Эронмол афзуд: Муттаассифона, ба далоили мухталиф, аз ҷумла густариши эпидемия дар саросари ҷаҳону камбуди манобеъ барои тавлиди воксан, ирсоли бархе маҳмӯлаҳои харидоришуда андаке бо таъхир мувоҷеҳ шудааст. То кунун ҳудуди 5.8 миллион дозаи воксан ба Эрон ворид шуда ва умедворем бо соири музокироте ки анҷом мешавад, битавонем ба зудӣ аз кишварҳои дигар воксанҳоро ворид кунему Ковакс ҳам ба зудӣ маҳмулаи ҷадиде ба Эрон ирсол хоҳад кард
Муҳаммад Маҳдии Гуё, раиси маркази мудирияти бемориҳои вогири Вазорати беҳдошт низ дар хусуси воксани Постуковак изҳор кард: Воксани Постуковак бо ҳамкории муштараки кишвари Эрон ва Куба дар ҳоли тавлид аст, тайи музокироте ки бо кишвари Куба анҷом шуд, сохти ин воксан аз ибтидо муштаракан пеш меравад ва ҳатто таҳқиқоти болинии он низ муштарак анҷом шуд.
Вай гуфт: Таҳқиқоти болинии он зарфи ду моҳи гузашта дар кишвар ба поён расиду натоиҷи он дар ихтиёри Созмони ғизо ва дору қарори гирифтаву Созмони ғизо ва дору ба институти Пастер таъйидия дода, ки пайрави ин таъйидия, тавлиди ин воксан низ дар кишвар ба сурати анбӯҳ анҷом хоҳад шуд ва умедворем ин воксан то авоили меҳрмоҳ ба тавлиди анбӯҳ бирасад ва битавонем ба баҳрабардорӣ бирасонем.