Август 30, 2021 14:07 Asia/Dushanbe
  • Хатибзода : Дар Бағдод шоҳиди гуфтугӯи ҷадид байни Эрону Арабистон набудем

Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон гуфт : Гуфтугӯи суратгирифта миёни Эрону Арабистон дар Бағдод идомаи раванди гуфтугӯҳои қаблӣ буд ва гуфтугӯи ҷадид байни ду кишвар иттифоқ науфтодааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саиди Хатибзода имрӯз ( душанбе ) дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорон, ки ба сурати видеоконфаронс баргузор шуд, ҳаштуми шаҳривар-солрӯзи шаҳодати шаҳидон Раҷоӣ ва Боҳунар ба дасти авомили террористӣ дар дафтари нахуствазириро намунаи дигаре аз душмании истикбори ҷаҳонӣ алайҳи миллати Эрон донист ва ёду хотираи шуҳадои давлату Инқилоби исломиро гиромӣ дошт .
Хатибзода дар хусӯси конфаронси Бағдод ва инки чаро Ҷумҳурии исломии Эрон дар сатҳи вазири умӯри хориҷа дар ин иҷлос ширкат кард ? гуфт : Дар мавриди ҳар иҷлоси байналмиллалӣ ва сатҳу таркиби ширкаткунандагон тавассути кишварҳо ва бар асоси ҷузиёти баргузории он нишасту омодагии кишварҳо тасмим гирифта мешавад .
Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон афзуд : Инки раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар як иҷлосе ширкат кунад ё вазири умӯри хориҷа, бар асоси сатҳи ширкаткунандагону барномаҳо тасмимгирӣ мешавад ва амалан тафовуте дар ҳавзаи сиёсати хориҷии Эрон ба вижа дар хусӯси Ироқ вуҷуд надорад ، чаро ки мо ба унвони ҳамсояи Ироқ борҳо эълом кардаем бар асоси як сиёсати усӯлӣ ҳар ҳаракате, ки ба сулҳу суботу оромиши Ироқ кумак кунад, дар канори ин кишвар ҳастем .
Хатибзода гуфт : Ҳама медонанд Ҷумҳурии исломии Эрон чи ҷойгоҳе дар минтақа, Ироқ ва ҳавзаи байналмиллал дорад. Ончӣ ки муҳим аст инки иҷлоси Бағдод иҷлосе дар масири ҳамкориҳои бештар буд ва ҳамон тавр, ки вазири умӯри хориҷа гуфтанд мо сарнавишти муштараке дар минтақа дорем .
Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон дар бораи гуфтугӯи суратгирифта миёни Эрону Арабистон дар Бағдод тасреҳ кард : Ин гуфтугӯҳо, идомаи ҳамон гуфтугӯҳои қаблӣ дар Бағдод буд ва гуфтугӯи ҷадиде иттифоқ науфтодааст .



Бештар бихонед :

 

Барчасп