Сентябр 04, 2021 10:32 Asia/Dushanbe
  • Хатибзода: Мақомоти феълии Амрико масири шикастхӯрдаи давлати қаблиро тай мекунанд

Сухангӯи вазоти умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар вокуниш ба таҳримҳои зиддиэронии Кохи Сафед таъкид кард, мақомоти феълии Амрико масири шикастхӯрдаи давлати қаблиро тай мекунанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии вазорати умури хориҷа, Саъиди Хатибзода, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба иқдоми хазонадории Амрико дар қарор додани номи чаҳор шаҳрванди эронӣ дар феҳристи таҳримҳои Амрико ба иттиҳомоти беасос, гуфт, мақомоти феълии Амрико масири шикастхӯрдаи давлати қаблиро тай мекунанд.

  • Хатибзода афзуд, ҳомиёну косибони таҳрим дар Амрико ҷаъбаи абзори таҳримии худро дар асари муқовимати ҳаддиаксарии Эрон, холӣ дидаанд ва ин бор бо тавассул ба сенариюҳои ҳолливудӣ, талош доранд ҳаёти баргирифта аз фазои таҳримиро барои худ зинда нигаҳ доранд.
  • Вай хотирнишон кард, Вашингтон бидонад роҳе ҷузи тарки эътиёди таҳримии худ ва истифода аз адабиёту рафтори муҳтарамона дар қиболи Теҳрон надорад

Вазорати Хазонадории Амрико, бар пояи иддаоҳои исботнашуда чаҳор фарди эрониро ба баҳонаи «талош барои рабудан як фаъоли эронӣ - амрикоӣ» дар феҳристи таҳримҳо қарор дод.

 

Барчасп