Раисиҷумҳури Эрон фаро расидани солрӯзи истқлоли Тоҷикистонро табрик гуфт
Раиси Ҷумҳури Исломии Эрон фаро расидани 30-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистонро ба раисиҷумҳур ва мардуми ин кишвар табрик гуфт.
Ба гузориши сомонаи Ховар, дар паёми табрикии Саидиброҳми Раисӣ омадааст: Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, фаро расидани 30-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистонро ба ҷаноби олӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Дар идомаи ин паём омадааст, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора алоқаманд ба густариш ва таҳкими ҳарчӣ бештари муносиботи ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабон дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ аст.
Раисӣ афзуд, умедворам, ки дар ояндаи наздик шоҳиди густариши беш аз пеши равобити ду кишвар дар ростои таъмини манофеъи мутақобил ва ҳамчунин тавсеаи сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ ва минтақаӣ бошем, аз Худованди мутаъол саломатӣ ва мувафақияти он ҷаноб ва хонаводаи муҳтарам ва беҳрӯзии миллати Ҷумҳурии Тоҷикистонро орзӯ дорам.
Ҳамчунин раисони ҷумҳури Русия, Чин, Узбекистон, Беларус, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Амрико, Фаронса, Покистон ва нахуствазири Ҳундустон низ дар паёмҳои ҷудогонае фаро расидани 30-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистонро ба Эмомалӣ Раҳмон табрик гуфтанд.