Қадрдонии 200 намоянда аз ҳафтоду панҷумин новгуруҳи неруи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон
(last modified 2021-09-12T09:20:01+00:00 )
Сентябр 12, 2021 14:20 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии 200 намоянда аз ҳафтоду панҷумин новгуруҳи неруи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон

200 нафар аз намояндагони Маҷлиси шӯрои исломии Эрон бо имзои баёнияе аз ҳафтоду панҷумин новгурӯҳ(гурӯҳи киштиҳо)и неруии дарёии артиш ва бозгашти иззатмандонаи ин новгурӯҳ ташаккур карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Аҳмад Алиризо Бегӣ-намояндаи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон гуфт : Ин баёния ба имзои беш аз 200 нафар аз намояндагони маҷлис расида ва намояндагон дар ин баёния ба тавфиқоти ин новгурӯҳ дар тӯли маъмурияташ ишора карданд ва аз хидматчиёни он низ тақдиру ташаккур карданд .
Муҳаммадбоқири Қолибоф-раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон низ бозгашти новгуруҳи артиши Ҷумҳурии исломии Эронро нишонаи худкафоӣ ва пешрафти артиши Ҷумҳурии исломии Эрон донист .
Ҳафтоду панҷумин новгурӯҳи неруии дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон ، муташаккил аз новшикани эронии Саҳанд ва новбандари Макрон пас аз 133 рӯзи дарёнавардӣ дар дарёҳои озоду уқёнусҳо  ва таи 44 ҳазор километр, рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта ба обҳои сарзаминии Эрон ворид шуд .
Ин новгурӯҳ бо ҳадафи иртиқои иқтидори дарёӣ, таъмини амнияти хутути дарёнавардӣ,тақвияти дипломасии дарёӣ роҳии маъмурияти дарёнавардӣ дар уқёнуси Ҳинд, Атлантикаи ҷанубӣ ва шимолӣ шуд ва бо эҳтизози парчами Ҷумҳурии исломӣ ҳомили паёми сулҳу дӯстии миллати бузурги Эрон буд .