Овозаи Шаҳриёр, шоири эронӣ дар Афғонистону Тоҷикистон
(last modified Thu, 16 Sep 2021 05:04:28 GMT )
Сентябр 16, 2021 10:04 Asia/Dushanbe
  • Овозаи Шаҳриёр, шоири эронӣ дар Афғонистону Тоҷикистон

Дар Афғонистону Тоҷикистони шеъри Шаҳриёр бисёр шинохта шудааст.

Нуфӯзи олии шеъри Шаҳриёр ва шӯҳрати хуби вай дар хориҷ аз кишвар ва ба хусӯс кишварҳои ҳамсоя, вижагии муҳимме аст, ки камтар шоире дар қарни ҳозир аз он бархӯрдор будааст.

Муҳаммадкозими Козимӣ, шоир ва муҳаққиқи номошнои афғонистонӣ аз чеҳраҳои шохиси шеъри инқилоб дар солҳои ахир аст.

Ӯ доштани қайди замон, сабк ва ҳолу ҳаворо аз муҳимтарин вижагиҳои шеъри Шаҳриёр ном мебарад.

Козимӣ мегӯяд, марҳӯм Шаҳриёр дар мақтаи замонии худ, ки шеъри классик дар давраи гузор аз шеъри хеле суннатӣ ба шеъри имрӯзин буд, қатъан саромад ва мумтоз аст.

Вай афзуд, агар дар пайкараи кулли шеъри форсӣ ва дар байни ҳамаи сабкҳои шеъри форсӣ баррасӣ кунем, ин саромади нисбӣ  хоҳад буд, касоне мисли Нимо ва Ихавон ва дигарон дар як ҳавза ва аз сӯи дигар, шоироне мисли Қайсари Аминпӯр, Мунзавӣ Баҳманиро ҳам бояд дар назар бигирем.

Козимӣ, нуфӯзи олии шеъри Шаҳриёр ва шӯҳрати хуби вай дар хориҷ аз кишвар ва ба хусӯс кишварҳои ҳамсоя, вижагии муҳимме аст, ки камтар шоире дар қарни ҳозир аз он бархӯрдор будааст.

Вай меафзояд, нуктае, ки шояд ҷолиб бошад, ин аст ки дар Афғонистону Тоҷикистон шеъри Шаҳриёр бисёр шинохта шудааст, Шаҳриёр дар Афғонистон дар ҳади шоирони номдор ва шинохта шуда ин кишвар матраҳаст ва хонандагони Афғонистон бисёре аз шеърҳои Шаҳриёрро хондаанд.