Сентябр 16, 2021 10:40 Asia/Dushanbe
  • Вуруди 5 миллион доз ваксинаи корона ба Эрон

Раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон, аз вуруди 5 миллион доз(воя) ваксинаи корона ба кишвар хабар дод.

Карими Ҳимматӣ, раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон аз вуруди сеюмин маҳмӯлаи сангини воксани коронаи таҳия шудаи ин ҷамъият хабар дод ва гуфт, имрӯз (панҷшанбе) бо вуруди як маҳмӯлаи 5 миллион дозии дигар ба Эрон, ба таври куллӣ ин ҷамъият аз панҷ моҳи пеш токунӯн 35 миллиону 390 ҳазор доз воксан ба кишвар ворид кардааст.

Вай афзуд, ин маҳмула дар фурудгоҳи имом Хумайнӣ (раҳ) ба вазорати беҳдошт таҳвил дода шуд.

Раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар бо ибрози умедворӣ аз воридоти 5 миллион дози дигари воксани корона то як ҳафтаи дигар, афзуд, дар фавосили замонии муайян 70 миллион дози дигари воксани тайи ду моҳи оянда вориди кишвар хоҳем кард.

Ҳимматӣ бо таъкид бар инки тамомии воксанҳои воридотӣ ва воксанҳое, ки дар дохили кишвар тавлид мешаванд, дар ибтидо мавриди таъйиди вазорати беҳдошт қарор мегиранд, гуфт, воксанҳоеро, ки вориди кишвар кардем аз навъ “Синуформ” буда, ки ин воксанҳо таъйиди Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва вазорати беҳдоштро дошта ва асарбахшии онҳо дар миқёси зиёд низ ба исбот расидааст.

Бештар бихонед:

Барчасп