Cафари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Тоҷикистон; нигоҳе ба аҳамияту аҳдофи сафар
(last modified Thu, 16 Sep 2021 12:11:22 GMT )
Сентябр 16, 2021 17:11 Asia/Dushanbe
  •  Cафари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Тоҷикистон; нигоҳе ба аҳамияту аҳдофи сафар

Саидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрони имрӯз панҷшанбе ба даъвати расмии Эмомалии Раҳмон-раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои ширкату суханронӣ дар иҷлоси сарони Созмони ҳамкории Шанхай ба Душанбе сафар кард .

Раиси ҷумҳӯри Эрон дар ин сафар  дидорҳои дуҷонибае низ бо сарону руасойаи ҳайатҳои ҳозир дар иҷлоси сарони Созмони ҳамкории Шанхай хоҳад дошт .
Доктор Раисӣ ҳамчунин пас аз иҷлоси Шанхай ба даъвати расмии раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дидори дуҷонибае аз ин кишвар хоҳад дошт. Нахустин сафари хориҷии Сайидиброҳими Раисӣ дар ҷойгоҳи раёсати ҷумҳурии Эрон ба Тоҷикистон ба 2 далел дорои аҳамият аст :
Далели нахуст; даъвати расмии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дидорҳои дуҷониба бо мақомоти кишваре аст, ки бо Эрони равобиту алойиқи деринае дорад . Ҳузури ҳайати баландпоя аз мақомоти сиёсӣ ва иқтисодии ҳамроҳи раиси Ҷумҳурии Эрон дар ин сафар  ҳокӣ аз тавваҷуҳ ба аҳдофи дуҷониба дар равобит бо Тоҷикистон ва гуфтугӯ дар бораи ҳамкориҳои ҷадид аст, ки дар авлавияти дипломосии минтақаии давлати Эрон қарор дорад .
Далели дувум ; ҳузури раиси ҷумҳурии Эрон дар иҷлоси Созмони ҳамкории Шанхай ба унвони узви нозир ва суханронӣ дар ин иҷлос аст, ки қатъан  бо эдияҳову аҳдофи ду ва чандҷониба ва баёни мавозиъи Эрон дар қиболи суботу амнияти минтақа ва бавижа дар бораи вазъияти Афғонистон ва соири мавзӯъоти минтақаӣ ва байналмиллалӣ ҳамроҳ аст .
Аз ин дидгоҳ нахустин сафари хориҷии раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Тоҷикистон ва ҳузур дар иҷлоси Шанхай паёмҳои вижае дорад .
Ташкили Созмони ҳамкории Шанхай агарчи ба ҳудуди ду даҳа пеш боз мегардад, аммо ин созмон акнун намунае аз минтақагароии навин дар Осиё бо узвияти кишварҳои муҳими минтақа ба шумор меравад . Кишварҳои бузурге ҳамчун Русияву Чин, ки аз аъзои таъсигузори Шанхай ҳастанд бо Эрон, ки дар ҳоли ҳозир ба унвони узви нозир дир ин созмон аст, равобити роҳбурдӣ доранд .
Кӯзагари Коллеҷӣ-коршиноси Осиёи Миёна ва Қафқоз дар арзёбии аҳамияти ҳамкории Эрону Шанхай ба бахши гуногуне аз ҳамкориҳо аз ҷумла дар заминаи энержӣ, ҳамлу нақл ва тиҷорат ишора мекунад ва ин заминаҳоро дорои аҳамияти роҳбурдӣ дар минтақа медонад .
Дар ҷуғрофиёии минтақаи Шанхай  иртиботи транзитӣ ва тиҷорӣ бо обҳои озод дорои аҳамияти зиёде аст, ки бо истифода аз роҳҳои Эрон қобили дастрасӣ аст, зеро Эрон муҳимтарин шоҳроҳҳои мувосилотй дар ғарби Осиёро дар ихтиёр дорад . Ба унвони мисол бандари роҳбурдии Чобаҳор ва  дастрасиҳои роҳи оҳанӣ ва ҷодаии муттасил ба ин бандар дар масири иртибот бо шарқи Осиё ва иттисол ба Осиёи Марказӣ ва ғарби Осиё фурсати камназир барои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай маҳсӯб мешавад .
Аз ҷанбаи амнияти ҷамъӣ дар минтақа низ бояд гуфт бо тавваҷуҳ ба аҳдофи созмони Шанхай, ки бар асоси чандҷонибагароӣ шакл гирифтааст,  ҳамкории Эрону Шанхай мунтабиқ бо ҳамгаройии минтақаӣ ва чандҷонибагароӣ аст .
Таҳаввулоти як даҳаи гузашта дар минтақа аҳамияти нақши Эронро дар ҳамкориҳои роҳбурдӣ бо Русия дар ҷиҳати муқобила бо тероризм дар Сурия ва ҳифзи манофеъи ҷамъӣ дар муқобили таҳдидҳои муштарак исбот кардааст, ки ин мавзӯъ барои аҳдофи Созмони ҳамкории Шанхай дорои аҳамияти вижае аст . Стратегияи Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамкории минтақае, тақвияти таъомулоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фарҳангӣ ва тавсеъаи чандҷонибагароӣ дар баробари якҷонибагароии Ғарб аст. Бо тавваҷуҳ ба ин муаллифаҳо метавон гуфт далоили алоқамандии Эрон барои ҳамкорӣ бо Созмони Шанхай таъкид бар ҳамин муаллифаҳо ва эҷоди зарфиятҳои ҷадид барои таъомулоти ду ва чандҷониба ва таъмини мутақобили манофеъ будааст . Аҳамияти ҳузури Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии Эрон дар иҷлоси сарони узви Шанхай дар ҳамин чорчӯб қобили арзёбӣ аст .