Бо ҳузури доктор Раисӣ: Бистуякумин иҷлоси сарони СҲШ оғоз шуд
Бистуякумин иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай рӯзи ҷумъа бо ҳузури сарони 12 кишвари узв ва нозир, аз ҷумла оятуллоҳ доктор Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон оғоз шуд.
Дар ин иҷлоси минтақаӣ илова бар раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони кишвари мизбон, сарони Қирғизистон, Қазоқистон, Беларус, Покистон, Туркманистон ва Узбакистон низ ҳузур доранд ва руасои Ҷумҳурии Русия, Чин, Ҳинд ва Муғулистон низ ба сурати маҷозӣ дар ин нишаст ширкат кардаанд.
Оятуллоҳ Раисӣ то соате дигар бо суханронӣ дар ҷамъи сарону мақомҳои ширкаткунанда дар ин иҷлос, дидгоҳҳову назароти Ҷумҳурии исломии Эронро дар хусуси масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ ташреҳ хоҳад кард.
Бистуякумин нишасти солонаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай 16 ва 17 сентябр дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, бо ҳадафи тақвияти ҳамкорӣ миёни аъзои ин созмон баргузор мешавад.