Раисӣ дар ҷамъи сарони Шанхай: Шанхай метавонад ба неруи пешрони чандҷонибагароии ҷаҳонӣ табдил шавад
(last modified 2021-09-17T13:54:58+00:00 )
Сентябр 17, 2021 18:54 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ дар ҷамъи сарони Шанхай: Шанхай метавонад ба неруи пешрони чандҷонибагароии ҷаҳонӣ табдил шавад

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин ки сиёсати хориҷии Эрон ҳамвора мубтанӣ бар мушорикати фаъол дар созмонҳои байналмилалӣ, чандҷонибагароӣ ва мухолифат бо якҷонибагароӣ будааст, гуфт: Тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба, ба вижа дар арсаи иқтисодӣ, омили муҳиме дар иртиқои нақши роҳбурдии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар иқтисоди ҷаҳонӣ аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, оятуллоҳ доктор Сайид Иброҳими Раисӣ имрӯз, ҷумъа тайи суханоне дар ҷамъи сарону мақомҳои ширкаткунанда дар бистуякумин иҷлоси сарони СҲШ дар шаҳри Душанбе афзуд: Ибтидо моилам, маротиби ташаккуру қадрдонии худро аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии кишвари зебову фарҳангии Тоҷикистон ва мардуми Тоҷикистон ба хотири меҳмоннавозӣ ва мизбонии гарми ин иҷлос ва барномарезии бисёр хуб ба амаломада тайи давраи мудирияти эшон бар созмон, эълом намоям.

Вай изҳор дошт: Аз фурсат истифода мекунам ва фаро расидани бистумин солгарди таъсиси СҲШ - ро ба ҳамаи аъзои муҳтарам табрик гуфта ва умедворам Созмони Шанхай дар идома низ масири боландаи худро, ки муҷиб шудааст дар муддате кӯтоҳ ҷойгоҳи минтақаӣ ва байналмилалии мумтозеро касб намояд, идома бахшад.

Раиси ҷумҳурии Эрон хотирнишон кард: Иҷоза диҳед хурсандии худро аз бобати ҳузур дар ин нишасти муҳиму таъсиргузор, ки яке аз маъдуд фурсатҳои гуфтугӯ барои тазмини сулҳу ҳамкории воқеӣ дар сатҳи минтақаӣ аст, иброз намоям ва аз тамоми аъзои муҳтарам барои узвияти доимии Эрони исломӣ самимона ташаккур намоям.

Раиси Ҷумҳурии Эрон гуфт: Тавсеаи фарҳангӣ, дастури кори аввали ҳамкорӣ байни кишварҳои соҳибтамаддун аст. Бахши умдаи хазонаи фарҳангу маънавияти ҷаҳон дар Осиё қарор дорад. Осиё маҳди тамаддуни башарӣ аст ва қалби тапандаи он дар Чин, Ҳинд, Тоҷикистон ва Эрони фарҳангсоз будааст. Фарҳангу тамаддуни осиёӣ ҳамеша бо ҳамсириштӣ, сабр, адаб, эҳтироми мутақобил ва хайрхоҳӣ ва дар як калом:  ҳикмату адолат ҳамроҳ будааст. Бузургтарин адёни иброҳимӣ дар Осиё будаанд.

Вай идома дод: Замоне ки ман раёсати ҷумҳурии исломиро ӯҳдадор шудам, ҷиҳатгирии сиёсати хориҷии худро тамаркуз бар чандҷонибагароии иқтисодӣ ва тақвияти сиёсати ҳамсоягӣ, ба маънии васеи он ва тақвияти ҳузур дар созмонҳои минтақаӣ муаррифӣ кардам.

Раисӣ афзуд: Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора мубтанӣ бар мушорикати фаъол дар созмонҳои байналмилалӣ, чандҷонибагароӣ ва мухолифат бо якҷонибагароӣ, бар пояи адолат, ҳамкорӣ, эҳтироми мутақобил ва зарурати ифои нақши созанда дар мувоҷеҳа бо чолишҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ будааст.

Раисӣ идома дод: Аз сӯйи дигар, ноамнӣ халалдоркунандаи тавсеаву пешрафт ва терроризм монеи рушди иқтисоди пойдор аст. Ҷумҳурии исломии Эрон бо собиқаи беш аз 40 сол тақобул ва муборизаи беамон бо терроризму ифротгароӣ, хадамоти шоистае барои таҳаққуқи сулҳу адолат дар минтақаи ғарби Осиё анҷом додааст. Мо ҳампаймони Ироқу Сурия дар тақобул бо ДИИШ ва соири ҷараёнҳои террористӣ будаем.

Раиси ҷумҳурии Эрон гуфт: Мутаасифона, беш аз ду даҳа муборизаи намоишии Амрико бо терроризм дар Афғонистон ва Ироқ сабаби аз даст рафтани фурсатҳои фаровони ин ду кишвар дар таъмини амнияту рифоҳ барои миллатҳои худ гардид.

Амрико чанд сол аст, ки ин улгӯи номуваффақро ба Сурия низ содир кардааст. Марокизи ҳузуру таҳарруки неруҳои Амрико дар Сурия аз ноамнтарин ва бесуботтарин манотиқи ин кишвар аст.

Раисӣ таъкид кард: Ҷумҳурии исломии Эрон муътақид ба амнияти муштарак аст ва амниятро ҷудошуда намедонад.

Роҳи таъмини амнияти муштарак - роҳи бумӣ аст, ки сирфан бо мушорикати қудратҳои минтақаӣ ва бидуни мудохилаи хориҷӣ имконпазир аст.

Вай тасреҳ кард: Масъулияти вазъияти эҷодшуда дар Афғонистон тамоман бар ӯҳдаи Амрико ва кишварҳои ҳамкори ӯ дар ин муддат аст. Аммо мо кишварҳои минтақа боястӣ шароитеро фароҳам кунем то мардуми Афғонистон битавонанд бар мушкилоти худ чира шаванд ва масиреро барои ояндае мутмаин тарсим кунанд. Аз назари ҷумҳурии исломӣ, ин муҳим танҳо аз тариқи кумаки кишварҳои минтақа ба мушорикати муассири ҳамаи ақвом дар ҳокимияти ояндаи Афғонистони амалӣ хоҳад шуд. Табиатан кишварҳои минтақа сирфан нақши осонсозӣ доранд. Дахолати хориҷӣ дар Афғонистон бар мушкилот меафзояд ва дар ниҳоят бар бесуботӣ дар он кишвар доман мезанад.

Раиси Ҷумҳурии Эрон изҳор дошт: Бар ҳамин асос, Ҷумҳурии исломии Эрон омода аст тамоми тавони худро дар хидмати эҷоди ҳукумате фарогир, ҳамашумул ва мустақил дар Афғонистон қарор диҳад ва ҳамонанди тамомии ин солҳои сахт, ки дар канори бародарону хоҳарони афғонистонии худ будаем, ба ёрии онон биштобем.

Лекин, моилам таъкид кунам, ки таҳаққуқи чунин ҳадафе аз ӯҳдаи ҳеҷ кишваре ба танҳоӣ барнамеояд ва ниёзманди кори муштарак ва созмонёфта дар қолаби созукорҳои минтақаӣ аст.

Раиси ҷумҳурии Эрон афзуд: Ҷумҳурии исломии Эрон рафъи таҳримҳоро ҳаққи тардиднопазири миллати Эрон медонад ва ҳар фароянде, ки хилофи ин ҳақ бошадро дар ростои манофеи миллати Эрон намедонад.

Ҷумҳурии исломии Эрон зимни эҳтиром ба рафтори мустақили кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ва ба расмият нашинохтани таҳримҳои золимонаи якҷонибаи Амрико ва адами пайравӣ аз сиёсатҳои таҳримии ғайриқонунии ин кишвар, тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаро ба вижа дар арсаи иқтисодӣ омили муҳиме дар иртиқои нақши роҳбурдии Созмони Ҳамкории Шанхай дар иқтисоди ҷаҳонӣ медонад.

Раисӣ изҳор дошт: Дар поён лозим медонам, тавваҷуҳи аъзои созмонро ба зарурати ҳамкорӣ дар мавзӯоти муҳитзистӣ, дар мавзӯоте мисли рушди фанноварӣ, ҳамкориҳои пасокорона, амнияти сайберӣ, дипломатияи мардумӣ ва иртиботи қавӣ бо мардум ва бархӯрди созмонёфта бо ҷароими созмонёфта бо маводи мухаддир ва терроризм эълом намоям.

Раисӣ афзуд: Бори дигар аз раиси Ҷумҳурии муҳтарами Тоҷикистон ташаккуру қадрдонӣ менамоям. Барои давлату мардуми ин кишвар орзӯи саодат ва беҳрузӣ дорам ва раёсати кишвари Узбакистонро бар ин созмон табрик арз мекунам ва дар поён як бори дигар аз ҳамаи аъзои муҳтарам барои узвияти доими Ҷумҳурии исломии Эрони самимона тақдиру ташаккур мекунам аз раиси Ҷумуҳурии муҳтарами Тоҷикистон, раиси ҷумҳурии муҳтарами Русия ва раиси ҷумҳурии муҳтарами Чин самимона ташаккуру қадрдонӣ менамоям.

 

Бештар бихонед: 

Бозтоби нишасти СҲШ дар расонаҳои Тоҷикистон

Ҳимояти Русия, Ҳинд ва Чин аз узвияти комили Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай

Барчасп