Сентябр 19, 2021 10:53 Asia/Dushanbe
  • Дидгоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон: Набуди

Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳаргиз бадунболи танишу даргирии низомӣ дар минтақаи набуда, аммо таъкид дорад, ки барои зиндагӣ дар сулҳу адолат бояд, қавӣ ва дар муқобили таҳдидҳо ҳӯшёр ва боздоранда буд.

Бетардид сулҳу амният яке аз муҳимтарин орӯзҳои инсонҳо дар тӯли таърих, сарфи назар аз замон, макон ва навъи ҷомеъа будааст. Дар посух ба ин мутолибаи ҷаҳонӣ, Созмони Милали Муттаҳид аз соли 1981 ва бар асоси қатъномаи Маҷмаи умумӣ, 21 сентябри ҳар солро «Рӯзи ҷаҳонии сулҳ» эълом кардааст. Аммо воқеият ин аст, ки ҳадафи сулҳ фақат набуди ҷанг ва дурӣ аз ҷанг нест, балки эҳсоси адолат, баробарӣ ва амният аст.

Ҷамили Милонӣ, пажӯҳишгар дар нигоҳ ба сулҳ аз манзари ҳуқуқи байналмилал ба асноди гӯногӯне чун мисоқи ҷомеъаи милал, Конвенсияҳои чаҳоргонаи Женева, Маншури Милали муттаҳид ва Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ишора мекунад, ки дар онҳо бар зарурати ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ таъкид шудааст. Аммо дар ин аснод  ҳадафи ниҳоии ҳуқуқи байналмилал сулҳ аст ва на адолат.

Генерал Муҳаммадризо Оштиёнӣ, вазири дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи шанбе дар ойини ифтитоҳи сеюмин намоишгоҳи байналмилалии сулҳу дифои артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки бо ҳузури намояндаи Созмони Милали Муттаҳид ва вобастагони низомӣ аз кишварҳои мухталиф дар Теҳрон баргузор шуд, дар ин замина ба тибйини мавозеъи Эрон дар қиболи сулҳи пойдор пардохт.

Генерал Оштиёнӣ бо баёни ин нукта ки агар адолат барқарор шавад, сулҳ низ ба дунболи он хоҳад омад, афзуд, бояд инро ба хотир дошта бошем, ки бо поёни ҷанг, сулҳи воқеӣ муҳаққақ нахоҳад шуд ва ҷанг ба ашколи дигар идома пайдо хоҳад кард.

Дар суханони вазири дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар ин замина ба нуктаи муҳимме ишора шуд, ки дар шинохти мафҳуми ҳақиқии сулҳ ҳоизи аҳаммият аст.

Вай тасреҳ кард, сулҳ танҳо дар сояи истодагӣ дар муқобили султаҷӯён ва зиёдахоҳон муяссар аст. Ин таъкид ба манзалаи лузӯм дар канори ҳам будани адолат ва сулҳ аст, ки бо нақши роҳбурдии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар дифо аз амният ва муқобила бо зулму авомили таҳдидкунандаи сулҳ мунтабиқ аст.

Дар воқеъ сул , адолат ва амният, ансури лозим ва малзуми ҳамдигар ҳастанд аз ин рӯ, мафҳӯми ҳақиқии сулҳро наметавон аз арзишҳои инсонӣ ҳамчун адолат, тавсеа ва амният ҷудо донист. Ба иборати дигар дар ҷаҳоне, ки адолат набошад, наметавон интизори таҳақққуқи сулҳро дошт.

Дар ин замина мисолҳои мутаъаддид вуҷӯд дорад, ки нишондиҳандаи дур шудани сулҳ аз адолат аст.

Талош барои таҳмили тарҳҳои созишкорона ба миллати Фаластин  ва барқарории робита бо режими ишғолгар таҳти унвони дуруғини сулҳ бо режими Исроил яке аз нишонаҳои сӯиистифода аз сулҳу таҳрифи мафҳӯми воқеии он аст. Талоши Амрико барои оддисозии равобити давлатҳои арабӣ бо режими ғосиби саҳюнистӣ, на танҳо наметавонад сулҳро дар минтақа барқарор кунад, балки ба ҷиҳати нодида гирифтани адолат ва ҳуқуқи мардуми мазлӯми Фаластин, нобудкунандаи сулҳи воқеис . Ин равияро дар зулмҳои таҳмил шуда аз сӯи қудратҳои мудохилагар бар мардуми Афғонистон, Яман, Ироқ ва Сурия ва дигар миллатҳо дар гушаву канори ҷаҳон низ шоҳид ҳастем, ки нақзи ошкори ҳуқуқи бунёдини башар ва таҳдиди ҷиддӣ барои сулҳ дар минтақа ва ҷаҳон аст.

Гуфтумони сулҳи одилона ба унвони як гуфтумони ҷаҳоншумл метавонад масири ҳаракат ба самти сулҳи ҷаҳониро ҳамвор созад. Таҷриба нишон медиҳад, ки сулҳ замоне мондгор хоҳад шуд, ки бе адолатӣ, нобаробарӣ, фақру ифротигарӣ решакан шуда бошад. Таҳаққуқи ин ҳадаф, ҳамон гуна, ки дар суханони генарал Муҳаммадризо Оштиёнӣ, вазири дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон хотирнишон шуд, ниёзманди ҳимояти сиёсатмадорон, фарҳехтагон ва озодихоҳон ва ҳамаи башардӯстон аст.

 

Барчасп