Сентябр 22, 2021 11:24 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Сиёсати Эрон ҳифзи суботу тамомияти арзии ҳамаи кишварҳои минтақа аст

Раиси ҷумҳурии Эрон гуфт: Ҳар гуна нақзи ҳуқуқи миллатҳо, беш аз ҳамаи чиз сулҳу амнияти ҷаҳониро ба мухотира меандозад.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайид Иброҳими Раисӣ дар суханоне ки ба сурати видеоконфронс дар ҳафтодушашумин нишасти солонаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пахш шуд, таъкид кард: Пахши тасовири таърихсози ҳуҷуми мардуми Амрико ба сохтмони Конгресс ва ба пойин партоб шудани мардуми афғонистонӣ аз ҳавопаймои амрикоӣ, аз Капитоли то Кобул як паёмро ба ҷаҳон мухобира кард ва он ин ки низоми султаи Амрико чи дар дохил ва чи дар хориҷ беэътибор аст.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин ки истиқомати миллатҳо қавитар аз қудрати абарқудратҳо аст ва имрӯз пружаи таҳмили ҳувияти ғарбӣ шикаст хӯрдааст, гуфт: Иштибоҳи Амрико дар чанд даҳаи гузашта ин буда, ки ба ҷои тағйири равиши зиндагии худ бо ҷаҳон, равиши ҷанги худ бо ҷаҳонро тағйир медиҳад.

Раисӣ бо ишора ба ин ки андешаи роҳбурдии Ҷумҳурии исломии Эрон реша дар мактаби имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори инқилоби исломӣ ва мафҳуми Исломи ноб дорад, исломи ақлоният, исломи тадаббур ва тафаккур, Исломи нобе, ки самараи он муқовимати ҳамсӯ бо манофеи миллии кишварҳост, гуфт: Сухан гуфтан аз ҳуқуқи миллатҳо бидуни сухан гуфтан аз таклифи давлатҳо, ҳуқуқи инсонҳоро бароварда намекунад.

Раиси ҷумҳурии Эрон бо баёни ин ки сиёсати мо ҳифзи суботу тамомияти арзии ҳамаи кишварҳои минтақа аст, афзуд: Агар қудрат ва нақши Эрон дар канори давлату миллатҳои Сурия ва Ироқ набуд ва агар муҷоҳидати шаҳид Абумаҳди Алмуҳандис ва сипаҳбуд шаҳид оқо Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ набуд, имрӯз ДИИШ ҳамсояи медитаронаии Аврупо буд. Албатта, ДИИШ охирин мавҷ аз ифротгароӣ нахоҳад буд.

Раисӣ ҳузури низомии Амрико дар Сурия ва Ироқро муҳимтарин монеъ барои таҳаққуқи демократия ва иродаи мардум донист ва афзуд: Озодӣ дар кӯлапуштиҳои сарбозони бегона ҷой намегирад.

Вай бо ишора ба ин ки буҳрони инсонии Яман бисёр нигаронкунанда аст ва ҷаҳон бояд сукути худро дар қиболи ҷиноят алайҳи башарият бишканад, таъкид кард: Роҳи ҳал, таваққуфи сареъ ва бидуни қайду шарти таҷовуз, боз шудани масири кумакҳои инсондӯстона ва тасҳили гуфтугӯҳои созандаи байни яманиҳост.

Раиси ҷумҳурии Эрон бо таъкид бар ин ки режими ишғолгари Қудс созмондиҳандаи бузургтарин ташкилоти терроризми давлатӣ аст, ки дастури кори он куштори занону кӯдакон дар Ғаззаву Каронаи бохтарӣ аст, гуфт: имрӯз муҳосираи ҳамаҷониба Ғаззаро ба бузургтарин зиндони ҷаҳон табдил намудааст.

Раисӣ дар поён бо таъкид бар ин ки имрӯз ҳамаи ҷаҳон, аз ҷумла худи амрикоиҳо эътироф доранд, ки пружаи муқобила бо миллати Эрон, ки дар давраи ахир дар нақзи шаклу муҳтавои БарҶом ҷилвагар шуд ва бо сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ ва хуруҷи худсарона аз тавофуқи байналмилалии БарҶом дунбол шуд, ба таври комил шикаст хӯрдааст, гуфт: Бо ин ҳол сиёсати зулми ҳаддиаксарӣ ҳанӯз раҳо нашудааст.

Вай афзуд: Понздаҳ гузориши Ожонси байналмилалии энержии атомӣ пойбандии Эрон ба тааҳҳудоти худро таъйид кардааст, аммо Амрико ба тааҳҳуди худ, ки лағви таҳримҳост, амал накардааст.

 

Барчасп