Таслияти Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ ба хонаводаи Алии Ландӣ- қаҳрамони навҷавони изеӣ
Сентябр 25, 2021 11:57 Asia/Dushanbe
Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба хонаводаи Алии Ландӣ-қаҳрамони навҷавони сокини шаҳри Изе дар устони Хузистон таслият гуфтанд.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мақоми муъаззами раҳбарӣ дар тамос аз дафтари Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ бо хонаводаи Алии Ландӣ, навҷавони ғаюри изеӣ маротиби таслияти ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ иблоғ ва бо ин хонаводаи доғдида ҳамдардӣ шуд .
Алии Ландӣ-қаҳрамони шуҷоъу фидокори 15 сола, ки барои наҷоти ду тан аз ҳамсоягонаш худро ба оташ зада буд, рӯзи ҷумъа бар асари шиддати ҷироҳоти бархоста аз сӯхтагӣ осмонӣ шуду номи худро ҷовидона кард .
Барчасп