Сентябр 26, 2021 14:16 Asia/Dushanbe
  • Ҷабалӣ : Зарфияти Садо ва Симо бояд дар вусъати доираи зарфияти фарҳангии инқилоб густариш ёбад

Муовини бурӯнмарзии созмони Садо ва Симо бар зарурати густариши доираи зарфиятҳои пажӯҳишӣ, фикрӣ ва барномасозии Садо ва Симо дар шуъое ба вусъати зарфияти фарҳангии инқилоби исломӣ таъкид кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Эрон пресс, Паймони Ҷабалӣ-муовини бурӯнмарзии Садо ва Симо дар дидор бо ҷамъе аз фаъолони фарҳангии ҷабҳаи инқилоб,пажӯҳишгарон ва мустанадсозони ҳавзаи дифои муқаддас ва барномасозони расонаи миллӣ бар лузӯми коромад шудани ҳарчӣ бештари бахшҳои ситодии расонаи миллӣ дар ҷиҳати пуштибонии фикрӣ, тарсими роҳбурдҳову вуруди ҳарчӣ қудратмандонатар ба арсаи паёму муҳтаво дар кисвати фаъолу таъинкунанда таъкид кард .

Ҷабалӣ бо ғайри қобили инкор хондани нақши Садо ва Симо дар ҷиҳатдеҳии фазои фикрии ҷомеъа ба унвони бузургтарин дастгоҳи фарҳангии Эрон, муҳимтарин чолиши ин баҳсро таносуби бурундоди расонаи миллӣ бо зарфиятҳои васеъу амиқи фарҳанг ва инқилоб донист .
Муовини бурӯнмарзии созмони Садо ва Симо бо зарурӣ донистани тақвияти эҳсоси мушорикату масъулияти неруҳои инқилобии нисбат ба раванди фарҳангсозӣ дар расонаи миллӣ дар ҳавзаҳои гуногун, тасреҳ кард : Садо ва Симо  дорои тавони билқувваи қобили таваҷҷуҳе дар мудирияту фаъолсозии ҷараёнҳои фарҳангӣ, тазриқи халлоқият ва роҳбурдсозӣ аст, ки метавонад ба феълият бирасад .
Муовини бурӯнмарзии созмони Садо ва Симо  гуфт : Ҳама бояд талош кунем зарфияти фарҳангии расонаи миллиро бо ёрӣ ва кумаки ҳамаи ансури фарҳангӣ ва алоқамандону ходимони нашру басти гуфтумони инқилоби исломӣ ба зарфияти инқилоби исломӣ бирасад .

Дар ин нишаст фаъолони фарҳангӣ дар ҳавзаҳои мухталиф ба баёни назароти худ дар заминаи интизорот аз Садо ва Симо дар ҳавзаи инъикоси таърихи муосири инқилоби исломӣ ва ба вижаи дифои муқаддас созу корҳои барномасозӣ ва роҳҳои бурӯнрафти созмони Садо ва Симо аз чолишҳои мавҷуд пардохтанд.

 

Барчасп