Раҳбари муъаззами инқилоб : Ҳаракатҳои табйинӣ, хунсокунандаи ҳаҷмаҳои таблиғотии душман аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i74518-Раҳбари_муъаззами_инқилоб_Ҳаракатҳои_табйинӣ_хунсокунандаи_ҳаҷмаҳои_таблиғотии_душман_аст
Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба ҳаҷмаи таблиғотии душманон алайҳи миллати Эрон барои таъсиргузорӣ бар афкори умумӣ бо равишҳо ва абзорҳои мухталиф, ҳаракати табйиниро хунсокунандаи ҳаҷмаҳои таблиғотӣ донистанд .
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Сентябр 27, 2021 16:31 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муъаззами инқилоб : Ҳаракатҳои табйинӣ, хунсокунандаи ҳаҷмаҳои таблиғотии душман аст

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба ҳаҷмаи таблиғотии душманон алайҳи миллати Эрон барои таъсиргузорӣ бар афкори умумӣ бо равишҳо ва абзорҳои мухталиф, ҳаракати табйиниро хунсокунандаи ҳаҷмаҳои таблиғотӣ донистанд .

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мақоми муъаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ рӯзи душанбе дар маросими азодории арбаъини сайиду солори шаҳидон, ҳазрати Абоабдиллоҳил-Ҳусайн(алайҳссалом) ва асҳоб бовафои ишон аз тариқи иртиботи тасвирӣ аз донишгоҳи Теҳрон ( маҳалли таҷаммуъи ҳайатҳои донишҷӯӣ ) бо ҳусайнияи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) дар суханони кӯтоҳе, мақтаи Ошӯро то Арбаъинро аз мақотеъи бисёр муҳими таърихи ислом хонданд ва гуфтанд : Агар рӯзи Ошӯро авҷи муҷоҳидату фидокории ҷонҳои азизу бузургвор буд, давраи 40 рӯзаи пас аз он низ авҷи муҷоҳидат барои табйину ифшои ҳақоиқ буд ва ин табйини муҷоҳидонаи Имом Саҷҷод, ҳазрати Зайнаб ва ҷаноби Умми Кулсум ва сабри фавқулъодаи хонадони паёмбар, мукаммили он фидокорӣ ва муҷиби мондагории қиёми Карбало шуд .
Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба ҳаҷмаи таблиғотии душманон алайҳи миллати Эрон барои таъсиргузорӣ бар афкори умумӣ бо равишҳо ва абзорҳои мухталиф, ҳаракати табйиниро хунсокунандаи ҳаҷмаҳои таблиғотӣ донистанд ва афзуданд : Шумо донишҷӯёни азиз, ки меваи дили миллат ва умеди воқеии кишвар ҳастед бо аҳамият додан ба масаълаи табйини ҳақоиқ ҳар кадом монанди чароғе атрофи худро равшану ибҳомзудоӣ кунед .
Ишон имконоти ношӣ аз фазои маҷозӣ ва расонаӣ барои равшангарӣ ва посух ба ибҳомотро муғтанам хонданд ва гуфтанд : Албатта асли қатъӣ дар қазияи ҷиҳоди табйину бозгуии ҳақоиқ истифода аз шеваҳои ахлоқӣ ва баёни масоил ҳамроҳ бо мантиқ, матонат, ақлонияти комил ва истифода аз авотифи инсонӣ ва парҳез аз дашном, тӯҳмат, дуруғ ва фиребкорӣ дар мувоҷиҳа бо афкори умумӣ аст .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ибрози хурсандӣ аз муҷаҳҳаз будани ҷавонон ба фикр, ақлоният ва огоҳиҳои фаровон бар лузӯми тақвияти рӯзафзуни ин вижагиҳо таъкид ва хотирнишон карданд : Роҳи ҳазрати Сайидушшуҳадо роҳи муборак ва ширине аст, ки ба натиҷаву тавфиқи қатъӣ мерасад ва шумо ҷавонон иншоаллоҳ хоҳед тавонист бо илҳом аз ин роҳу маорифи нӯронӣ кишварро ба қуллаҳои саодати моддӣ ва маънавӣ бирасонед .



Бештар бихонед :