Сентябр 29, 2021 14:42 Asia/Dushanbe
  • Интисоби Паймони Ҷабалӣ ба раёсати Созмони садо ва симои Эрон бо ҳукми Раҳбари муаззами инқилоб

Бо поён ёфтани давраи масъулияти Алии Аскарӣ дар Созмони садо ва симои Эрон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ҳукме Паймони Ҷабалиро ба раёсати ин созмон мансуб карданд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, дар ҳукми ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ омадааст: Расонаи миллӣ, донишгоҳе барои иртиқои сатҳи огоҳӣ ва маърифати умумӣ ва урдугоҳе барои муқобила бо амвоҷи хасмонаи таҳрифу фитна ва осоишгоҳе барои баҳрамандии чашму дили ҳамагон аз ҷилваҳои зибоиву ҳунар ва қароргоҳе барои парокандани умеду нишот дар фазои умумии кишвар аст.

Эшон афзуданд: Ҳидояти фарҳангӣ, тақвияти рӯҳияву эҳсоси ҳувияти милливу инқилобӣ, тарвиҷи сабки зиндагии исломӣ – эронӣ ва афзоиши ҳамбастагии миллӣ дар шумори авлавиятҳое аст, ки бояд бо иртиқои сармояи инсонӣ ва рушди сифатии барномаҳо ва баҳрагирӣ аз ибтикор ва бо талоши шабонарӯзӣ ба он даст ёбед.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ин ҳукм аз талоши хастагинопазири Алии Аскарӣ дар муддати масъулияташон ташаккур ва барои Паймони Ҷабалӣ тавфиқотро аз Худованди мутаъол масъалат карданд .

 

Барчасп