Ифтихорофаринии пажӯҳишгари эронӣ дар мусобиқоти ҷаҳонии ихтироъот
Пажӯҳишгару пизишки эронӣ бо сохти реактори биологӣ тавонист суръати таҷзияи пластикро барои нахустин бор дар дунё ба ҳудуди 30 соъат бирасонад ва бо ҳамин ихтироъ низ медали нуқраи мусобиқоти ҷаҳонии ихтироъоти Туркияро касб кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ҳомиди Милонӣ ки чанде пеш муваффақ ба кашфи гунаи ҷадиде аз бактерияҳову сабти он дар пойгоҳи маркази миллии биотехнологии Амрико шуда буд ,таи рӯзҳои ахир бо як ихтироъи муҳим тавонист медали нуқраи мусобиқоти ҷаҳонии ихтироъоти Туркия-“ISIF 2021 »-ро касб кунад .
Ин пажӯҳишгару пизишки эронӣ рӯзи шанбе дар бораи ин ихтироъ гуфт : Мо барои нахустин бор дар дунё муваффақ ба тарроҳӣ ва сохти реактори биологӣ шудем, ки намунаи мушобеҳе аз он дар дунё вуҷуд надорад . Ин реактор ки бештарин суръати таҷзияи пластик ва табдили он ба маводи аввалияро дорад, бар пояи технологии тасбити экзим рӯйи ноназарроти оксид(кислота)и оҳан тарроҳӣ шуда ва мо дар он аз нури« UV » барои осонсозии фароянди таҷзияи макромолекулҳои пластик истифода кардем .
Вай бо баёни ин ки тафовути ин ихтироъ таҷзияи пластик бо истифода аз экзим ба ҷойи бактерия аст , хотирнишон кард : Мо тавонистем илова бар дастёбӣ ба ин дониш барои нахустин бор дар дунё реактори биологӣ бар пояи истифода аз экзим тарроҳӣ кунем, ки дар муқоиса бо равишҳои биологии гузашта дорои суръати боло барои таҷзияи пластик, таҷзияи анвоъи мухталифи пластик, коройии болотар, бениёзӣ ба системаи стрил, контроли роҳаттари фароянд ва қобилияти истифодаи дубора аз системаи экзимӣ аст . Бо сохти реактори биологӣ тавонистем муддати таҷзияи пластикро ба камаиаш ба 30 соъат бирасонем, ки тезтарин муддати таҷзияи пластик дар ҷаҳон аст