Октябр 09, 2021 13:05 Asia/Dushanbe
  • Бонки ҷаҳонӣ рушди 2.1 дарсадиро барои иқтисоди Эрон пешбинӣ кард

Бонки ҷаҳонӣ дар охирин гузориши худ аз рушди хуби иқтисодии Эрон барои соли ҷорӣ хабар дод ва пешбинӣ кард, рушди иқтисодии Эрон ба 2.1 дарсад бирасад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Бонки ҷаҳонӣ дар охирин гузориши худ дар бораи авзоъи иқтисодии кишварҳои ғарби Осиё ва шимоли Африқо аз рушди иқтисодии Эрон барои соли ҷорӣ хабар дод .
Бонки ҷаҳонӣ мегуяд  дар ҳоле, ки бархе кишварҳо  даврони убур аз ҳамагирии коронаро таҷриба мекунанд, аммо Ҷумҳурии исломии Эрон дар соли ҷорӣ рушди иқтисодии 2.1 дарсадӣ хоҳад дошт, ки нисбат ба соли гузаштаи амалкарди хубе ба шумор меравад .
Бонки ҷаҳонӣ рушди иқтисодии Эрон барои соли 2020-ро 1.7 дарсад эълом кардааст .
Ин бонк албатта ҳушдор дода, ки кишварҳои минтақаи ғарби Осиё ва шимоли Африқо таҳти таъсири навасоноти қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ мумкин аст бо уфту хезҳое дар ҳавзаи рушди иқтисодӣ мувоҷеҳ шаванд .

 

Барчасп