Октябр 09, 2021 14:16 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими муъорафаи раиси нави Созмони Садо ва Симо

Маросими муъорифаи раиси нави Созмони Садо ва Симо Ҷумҳурии исломии Эрон дар маркази ҳамоишҳои Садо ва Симо баргузор шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, маросими муъорифаи Паймони Ҷибилӣ-раиси ҷадиди Созмони Садо ва Симо бо ҳузури раиси дафтари Раҳбари муъаззами инқилоб, раиси Маҷлис, масъӯлони лашкарӣ ва кишварӣ ва ҷамъе аз мудирону коркунони расонаи миллӣ имрӯз шанбе дар маркази ҳамоишҳои Садо ва Симо баргузор шуд .
Дар ин маросим ҳамчунин аз заҳамоти беш аз 5 солаи Алиаскарӣ-раиси собиқи расонаи миллӣ қадрдонӣ шуд.
Дар ин маросим ҳуҷҷатилисломи  валмуслимин Муҳаммадмаҳдии Гулпойгонӣ- раиси дафтари Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ ҳукми раёсати Паймони Ҷибилиро қароъат кард .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ ҳафтуми меҳри 1400 ( 29 сентябри 2021 ) бо судӯри ҳукме Паймони Ҷибилиро ба раёсати Созмони Садову Симо мансӯб карданд .
Алиаскарӣ-раиси собиқи Садову Симои Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин маросим гуфт : Дар замоне, ки душман ҷараёни тавлидро ҳадаф қарор дода буд ва дар шароити ҷанги нарми расонаӣ умеду нишотро расонаи миллӣ дар ҷомеъа тазриқ кард .
Паймони Ҷибилӣ-раиси ҷадиди Созмони Садо ва Симо дар ин маросим гуфт : Расонаи миллӣ бояд марзи густараи байналмиллалӣ бошад ва ҳамвора барои ҷаҳон ҳарф дошта бошад.
Раиси ҷадиди Созмони Садо ва Симо таъкид кард : Дар ин давра аз зарфиятҳои нухбагони фарҳангии ҷавон истифода хоҳад шуд .
Ҷибилӣ гуфт : Расонаи миллии Эрон бояд ҳуввиятмеҳвару адолатмадор бошад .
Раиси Созмони Садо ва Симо гуфт : Расонаи миллӣ маҳкум ба таҳаввул аст ва таҳаввул ҳам субот ва ҳам тағйир ниёз дорад .
Ҷибилӣ дар ин маросим афзуд : Расонаи миллӣ бояд оина хадамоти низоми муқаддаси Ҷумҳурии исломӣ бошад ва бояд расонаи баёни хадамоти низоми муқаддаси исломӣ бошем .

 

Барчасп