Таҷлил аз бистуми меҳрмоҳ - рӯзи бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ + вижабарномаи радиоӣ
(last modified Tue, 12 Oct 2021 11:04:41 GMT )
Октябр 12, 2021 16:04 Asia/Dushanbe

Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад бин Баҳоуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ, зодаи 727 ҳиҷрии қамарӣ, даргузаштаи 792 ҳиҷрии қамарӣ дар Шероз, машҳур ба “лисонулғайб”, “Тарҷумонуласрор”, “Лисонулъурафо” ва “Нозимулавлиё” - шоири форсизабони садаи ҳаштуми ҳиҷрии қамарии Шероз аст.

Дар тақвими расмии Эрон имрӯз, 20 меҳрмоҳ, рӯзи бузургдошти Ҳофиз номида шудааст.

Шӯҳрати аслии Ҳофиз ва рамзи пӯёи ҷовидонаи овозаи ӯ ба сабаби ғазалсароӣ ва сароиши ғазалҳои бисёр зебост, ки бо гузашти қарнҳо осораш на танҳо дар Эрон, балки дар саросари нуқоти ҷаҳон ба шӯҳрат расидааст.

 

Ҳофизи Шерозӣ шояд шинохташудатарин шоири миллии мост, ки тавониста марзҳои бисёреро бипаймояд ва инчунин дар дили ҳар аҳли порс ҷое дошта бошад.

Машҳур аст, ки Ҳофиз ба шеваи суханпардозии Хоҷӯи Кирмонӣ гаравидаву ҳамонандии суханаш бо шеъри Хоҷӯ машҳур аст. Ҳофиз аз муҳимтарин асаргузорон бар шоирони форсизабони пас аз худ шинохта мешавад, ки бештари шеърҳои ӯ ғазал аст.

Дар миёни тамоми номгузориҳои тақвими Эрон, ки бисёре танҳо бар нақши тақвим ҳувият доранд, ёди рӯзи Ҳофиз ёдрӯзе мутафовит аст. Аз он ҷиҳат, ки агар бисёре аз номгузориҳо ҷое дар дили мардум надоранд, ин рӯз ҳамчунон мавриди эҳтироми мардуму рӯзе миллӣ дар таърихи Эрон аст.

 

 

Бештар бихонед: