Октябр 13, 2021 09:36 Asia/Dushanbe
  • Вуруди 6 миллион доза воксани корона ба Эрон

Раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон аз вуруди 6 миллион доза воксани корона ба кишвар хабар дод.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Карими Ҳимматӣ, раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон гуфт: Биступанҷумин маҳмулаи воксани коронаи таҳияшуда аз сӯи ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар, ҳовии 6 миллион доза воксан, имрӯз - сешанбе дар фурудгоҳи имом Хумайнӣ (раҳ) ба Вазорати беҳдошт таҳвил дода шуд.

Раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон афзуд: Аз 7 моҳи пеш то кунун ин ҷамъият 64 миллиону 390 ҳазор доза воксан ба кишвар ворид карда, ки бо эҳтисоби воридоти як маҳмулаи дигар, ки рӯзи панҷшанбе ворид хоҳад шуд, ин мизон ба 70 миллиону 390 ҳазор доза мерасад.

Карими Ҳимматӣ бо эъломи ин ки фаъолиятҳои ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон барои муқобила бо корона то поёни густариши ин вирус дар кишвар мутаваққиф нахоҳад шуд, гуфт: Таъмини доруҳои мавриди ниёзи беморон дар дорухонаҳои саросари кишвар, эҷоди бемористонҳои саҳрроии Ҳилоли Аҳмар дар муҷовирати марокизи дармонӣ, баҳрагирӣ аз марокизи ваксиносюн аз муҳимтарин хадамоти Ҳилоли Аҳмар дар ин даврон будааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп