Бузургдошти шуҳадои намози ҷумъаи Қундӯзи Афғонистон дар Машҳад
Маросими бузургдошти шуҳадои намози ҷумъаи Қундӯзи Афғонистон дар Ҷомеъат-ул-Мустафои Машҳад баргузор шуд.
Сайид Абулфазли Таботабоии Ашкзарӣ, намояндаи собиқи валии фақеҳ дар Сурия дар маросими бузургдошти шуҳадои намози ҷумъаи Қундӯзи Афғонистон гуфт: Афғонистон бахши муҳиме аз меҳвари муқовимат аст ва Ҷумҳурии исломии Эрон ҳаргиз шиаёни Афғонистонро танҳо нахоҳад гузошт.
Намояндаи собиқи валии фақеҳ дар Сурия афзуд: Амрико тайи 20 сол 2 триллиону 650 ҳазор доллар ҳазина кард то Афғонистонро ба сурати таҳдиде барои Эрон, Русия, Чин ва Ҳинд дароварад.
Ба гуфтаи Таботабоии Ашкзарӣ, имрӯз ҳеҷ фитнае дар дунё бидуни пуштивонаи сиёсии Амрикову Исроил ва пуштивонаи молии Арабистону Иморот анҷом намешавад.
Намояндаи собиқи валии фақеҳ дар Сурия хотирнишон кард: Душманон ба дунболи эҷоди ҷанги мазҳабии шиаву суннӣ дар Афғонистон ҳастанд.
Дар поёни ин маросим, ки дар Ҷомеът-ул-Мустафои Машҳад баргузор шуд, баёнияе ҳам дар маҳкумияти ин иқдоми террористӣ қироат шуд.
Бар асари инфиҷори террористӣ дар масҷиди шиаёни Қундӯз дар шимоли Афғонистон, ҳудуди сад нафар кушта ва 150 намозгузори дигар захмӣ шуданд.
Ин инфиҷорро, ки масъулияти онро гурӯҳи террористии ДИИШ бар уҳда гирифт, вокунишҳои густардаи миллӣ, минтақаӣ ва байналмилалиро ба ҳамроҳ доштааст.