Сардор Ҳоҷизода: Ба ҳар моҷароҷӯе ҷавоби пушаймонкунанда хоҳем дод
Фармондеҳи Неруи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, ба ҳар моҷароҷӯӣ алайҳи Эрон дар ҳар сатҳе тавассути ҳар режим ё гуруҳе бошад, ҷавоби пушаймонкунанда хоҳем дод.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, сардор Амиралӣ Ҳоҷизода дар боздиди ҷамъе аз вобастагони низомии сафоратхонахоҳои хориҷии муқими Теҳрон аз намоишгоҳи миллии дастовардҳои ҳавофазои сипоҳ бо муруре бар таърих, ба зулму ситами истикбори Ғарб ба саркардагии Амрико ва ҳамроҳиву пуштибонии режими саҳюнистии кӯдаккуши Исроил ва теъдоде аз кишварҳои аврупоӣ дар минтақаи Ғарби Осиё гуфт: Амрико яктана дар муқобили Эрон, Чин, Русия ва кишварҳои озодаи ҷаҳон тоби истодагӣ надорад ва аз дарун дар ҳоли муталошӣ шудан аст.
Сардор Ҳоҷизода афзуд: Амрико бо кумаки дунболаравҳои худ дар соли 2001 ба Афғонистон ҳамла кард ва пас аз 20 сол бо талош ба эҷоди ҷанги дохилӣ ва ҳарҷу марҷ Афғонистонро тарк кард ва тавтеаи ӯ бо шуълавар кардани даргириҳои дохилӣ идома пайдо хоҳад кард.
Фармондеҳи Неруи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон идома дод: Амрико дар солҳои 2013 то 2017 бо эҷоди гуруҳҳои такфирӣ ва ДИИШ, минтақаи Сурия, Ироқ ва бархе кишварҳои дигарро дучори ҷанги дохилӣ ва ноамнии доманадоре кард.
Сардор Ҳоҷизода гуфт: Таҳримҳои иқтисодии Амрико бар алайҳи Эрон то сарҳади ҷилавгирӣ аз ирсоли дору барои беморони хос низ идома пайдо кардааст.
Фармондеҳи Неруи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ афзуд: Имрӯз бар ҳамагон равшан аст, ки агар муборизаи сардор Сулаймонӣ набуд, илова бар ҳокимияти террористҳо бар минтақа, мо шоҳиди судури ин гуруҳҳои террористӣ ба Аврупо ва соири кишварҳои минтақа ба таври васеъ будем.
Сардор Ҳоҷизода афзуд: Албатта, омилону омирони ҳамлаву террори шаҳид Сулаймонӣ ҳамчунон таҳти таъқиби Эрон қарор хоҳанд дошт ва аз ҷинояти худ раҳоӣ пайдо нахоҳанд кард.
Фармондеҳи Неруи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ афзуд: Миллати Эрон дар муқобили таҳримҳову фишори ҳаддиаксарии Амрико ва аёдии ӯ истодагӣ кардаву хушбахтона пирӯз шудааст.