Ғарибободӣ хитоб ба вазири додгустарии Ироқ: Омилони террори сардор Сулаймонӣ бояд муҳокима шаванд
(last modified 2021-10-20T05:27:05+00:00 )
Октябр 20, 2021 10:27 Asia/Dushanbe
  • Ғарибободӣ хитоб ба вазири додгустарии Ироқ: Омилони террори сардор Сулаймонӣ бояд муҳокима шаванд

Муовини умури байналмилали қувваи қазоия ва дабири Ситоди ҳуқуқи башари Эрон дар дидор бо вазири додгустарии Ироқ таъкид кард, ки омилону омирони террори сардор Сулаймонӣ бояд ҳар чӣ зудтар шиносоӣ ва муҳокима шаванд.

Вай дар ин паёми твиттерӣ навишт: «Дар дидор бо вазири додгустарии Ироқ бар суръат бахшидани шиносоӣ ва муҳокимаи омилону омирони террори шаҳид Сулаймонӣ ва ҳамроҳонашон ва ташкили ҳарчӣ зудтар аввалин нишасти кумитаи таҳқиқоти муштарак таъкид кардам».

Ғарибободӣ изофа кард: «Ҳамчунин дар хусуси таомулоти дуҷонибаи ҳуқуқӣ ва қазоӣ ва ҳуқуқи башариву зарурати расидагӣ ба мушкилоти атбоъ гуфтугӯ кардем».

Пеш аз ин Козими Ғарибободӣ ба унвони намояндаву сафири Эрон дар созмонҳои байналмилалӣ дар Венаи Австрия фаъолият дошт ва ахиран бо поёни маъмурияташ ба унвони дабири Ситоди ҳуқуқи башари Эрон интихоб шудааст.