Боздиди генерал Боқирӣ аз зерсохтҳои бандари «Салянка» дар Астрахани Русия
Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз зерсохтҳои бандари «Салёянка» дар Астрахани Русия боздид кард.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, генерал Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон (панҷшанбе) аз имконот ва зерсохтҳои бандари Салянка дар каронаи руди Волгаи Русия боздид кард.
Генерал Боқирӣ, ки пас аз музокира ва ройзании фишурда бо мақомоти баландпояи дифои Русия дар Маскав ва Санкпетербург вориди Астрахан шуд, бо ҳамроҳии мақомоти давлати Астрахан ва аъзои ҳайати ҳамроҳаш, аз зерсохтҳои бандари Салянка боздид кард ва дар ҷараёни раванди содирот ва воридоти коло аз масири дарёии Хазар қарор гирифт.
Бандари Астрахан, сеюмин мақсади сафари раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ дар Русия буд. Бандари Астрахан дар шимоли дарёи Хазар ва бар каронаи руди Волга, воқеъ шудааст ва яке аз муҳимтарин банодири содироту воридоти коло байни Эрону Русия башумор меравад.