Пирӯзии шогирдони Маҳдавикиё баробари Непал
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i75960
Тими миллии футболи зери 23 соли Эрон дар нахустин дидор аз рақобатҳои муқаддамотии қаҳрамонии зери 23 соли Осиё баробари Непал ба бартарӣ расид .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 25, 2021 18:42 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии шогирдони Маҳдавикиё баробари Непал

Тими миллии футболи зери 23 соли Эрон дар нахустин дидор аз рақобатҳои муқаддамотии қаҳрамонии зери 23 соли Осиё баробари Непал ба бартарӣ расид .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сайти расмии Федерасиюни футболи Эрон, дидори тимҳои миллии футболи зери 23 соли Эрону Непал аз чорчӯби рақобатҳои муқаддамотии қаҳрамонии зери 23 соли Осиё имрӯз ( душанбе 25 октябр ) аз соъати 14 : 30 ба вақти Теҳрон дар варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд ва дар ниҳоят миллипӯшон тавонистанд бо натиҷаи 4 бар 0 Непалро шикаст диҳанд .
Маҳдии Лимучӣ, Ҳусайни Нахудкор ( 2 гол ) ва Ёсин Салмонӣ голҳои Эронро дар ин бозӣ ба самар расонданд .
Алиризо Бовия дар ин дидор аз довари мусобиқа картаи зард дарёфт кард . Ҳамчунин Ёсини Салмонӣ дар дақиқаи 16 як пеналтиро барои тими Эрон аз даст дод .
Алиризо Ризоӣ, Аҳмадризо Ҷалолӣомони Фаллоҳ, Муҳаммади Султонии Меҳр ( Умеди Ҳомидифар – 84 ), Маҳдии Ҳошимнажод, Ёсини Салмонӣ, Мелоди Кур ( Муҳаммадамини Ҳизбовӣ – 84 ) ، Маҳдии Лимучӣлиризо Бовия ( Ҳусайни Нахудкор - 60 ), Ориё Барзгар ( Фарзони Доно – 75 ) ва Муҳаммадмаҳдии Муҳиббӣ бозикуноне буд, ки имрӯз баробари Непал ба майдон рафтанд .