Октябр 26, 2021 17:11 Asia/Dushanbe
  • Фардо - дуюмин нишасти ҳамсоягони Афғонистон дар Теҳрон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон аз баргузории нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба изофаи Русия дар Теҳрон хабар дод.

Саиди Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар нишасти хабарии имрӯз, сешанбе аз баргузории нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба изофаи Русия дар Теҳрон хабар дод ва гуфт: Сйид Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳурии Эрон фардо, чаҳоршанбе ин нишастро ифтитоҳ мекунад ва дар он суханронӣ хоҳад кард.

Хатибзода афзуд: Иҷлоси вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон фардо бо ҳузури 6 кишвари ҳамсояи Афғонистон ба изофаи Русия, ба сурати ҳузурӣ баргузор мешавад.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин гуфт: Вазирони хориҷаи Узбакистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Покистон ҳузурӣ ва вазирони хориҷаи Чину Русия ба сурати онлайн дар ин нишаст ҳузур хоҳанд дошт. Албатта, намояндагони ин ду кишвар ба сурати ҳузурӣ дар ин нишаст дар маҳалли вазорати хориҷа ширкат мекунанд.

 

Хатибзода хотирнишон кард, сафирони кишварҳои мустақар ҳам фардо дар ин нишаст ҳузур хоҳанд дошт.

Хатибзода гуфт, фардо Антониу Гутерреш, дабири кулли Созмони Милал ҳам паёме ба ин нишаст содир хоҳад кард ва ин паёми дабири кулли СММ барои нишасти Теҳрон ба ин маъно аст ки Ҷумҳурии исломии Эрон конуни дипломатияи фаъол дар минтақа хоҳад буд, ки барои кумак ба сулҳу субот дар минтақа қадам бармедорад.

Хатибзода гуфт: Дар Эрон мизбони чаҳор миллион аз атбои Афғонистон ҳастем.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп