Пайвастагии амнияти ҳамсоягон бо Афғонистон
Муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, амнияту суботи ҳамсоягони Афғонистон бо амнияти ин кишвар ба ҳам пайваста аст.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Муҳаммади Мухбир рӯзи чаҳоршанбе дар суханоне дар иҷлоси ҳамсоягони Афғонистон дар Теҳрон тасреҳ кард: Кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дорои пайвандҳои амиқи таърихиву фарҳангӣ бо ин кишвар ҳастанд ва аз ин манзар метавон гуфт, навъе ҳамсириштӣ ва ҳамсарнавиштӣ миёни Афғонистон ва ҳамсоягонаш вуҷуд дорад, ки амният, субот ва сулҳро дар манотиқи Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ ба ҳам гиреҳ мезанад.
Муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба ин ки мардуми Афғонистон беш аз чаҳор даҳа аст, ки бесуботӣ, ноамнӣ ва ҷангу хунрезиро таҷриба мекунанд, гуфт: Ишғоли 20 солаи Афғонистон тавассути Амрико ҷуз афзоиши ноамнӣ, ифротигароӣ, рушди терроризм ва ақибмондагии иқтисодӣ натиҷае барои мардуми Афғонистон надоштааст.
Мухбир афзуд: Сиёсатҳои нобихрадонаву иқдомоти ғайримасъулона ва насанҷидаву якҷонибаи Амрико бо беш аз 2,5 триллион доллар ҳазина, бо шикасти комил ҳамроҳ буд.
Ӯ гуфт: Бояд мавонеи ташкили давлате қавиву миллӣ дар Афғонистонро бартараф ва он давлатро барои таъмини амнияту бозсозии асосии кишвар ёрӣ кунем.
Дуюмин иҷлоси кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба мизбонии Теҳрон дар сатҳи вузарои хориҷа ва бо ҳузури муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон субҳи имрӯз (чаҳоршанбе) оғоз шуд.