Сафари муовини сиёсии вазири умӯри хориҷаи Эрон ба Русия ; музокироти роҳбурдии Теҳрону Маскав
(last modified 2021-10-30T11:55:13+00:00 )
Октябр 30, 2021 16:55 Asia/Dushanbe
  • Эрону Русия эълом карданд ройзаниҳои худро барои тақвияти мавзеъҳои муштарак идома хоҳанд дод
    Эрону Русия эълом карданд ройзаниҳои худро барои тақвияти мавзеъҳои муштарак идома хоҳанд дод

Алии Боқирии Канӣ-муовини сиёсии вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар Маскав бо Сергей Рябоков-ҳамтои русии худ дидор кард.

Муовини сиёсии вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон, ки баъд аз сафар ба Брюссел ва ройзанӣ бо Энрике Мора-муовини масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамоҳангкунандаи Комиссиюни муштараки Барҷом ба Русия сафар кард, пас аз ин дидор дар тветте навишт : « Дар як ҷаласаи мусбату самарбахш бо Сергей Рябоков-муовини вазири хориҷаи Русия таҳаввулоти ахирро мурӯр карда ва дар мавриди музокирот барои лағви таҳримҳои ғайриқонунӣ ва золимона ба табодули назар пардохтем. »
Эрону Русия ҳамчунин эълом карданд, ки ройзаниҳои худро дар сутуҳи мухталиф барои тақвияти мавозеъи муштарак идома хоҳанд дод .
Бахше аз музокироти Боқирии Канӣ дар Русия дар чорчуби иштироки дидгоҳҳо дар мавриди музокироти лағви таҳримҳои Эрон, ки қарор аст дар Вена баргузор шавад, анҷом шуд. Бар асоси тавофуқи Эрон бо кишварҳои гуруҳи 4+1 қарор аст музокироти дуҷонибае низ бо ҳар як аз ин кишварҳо дар бораи лағви таҳримҳо алайҳи Эрон анҷом шавад .
Ончӣ барои Эрон дар ин музокирот матраҳ аст мутолиба аз Аврупоу Амрико барои бозгашт ба иҷрои таъаҳҳудот дар Барҷом дар чорчӯби қатъномаи 2231 Шурои Амният аст, ки мантиқитарин роҳ барои ҳифзи Барҷом аст . Бар ин асос  гуфтугӯҳои ҷадид танҳо дар сурате муваффақиятомез хоҳад буд, ки ба лағви таҳримҳо ва иҷрои ҳамаи таъаҳҳудоти тарафайн мунҷар шавад.
Дар музокироти муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрону мақомҳои Русия дар бораи муносиботи дуҷониба ва афзоиши ҳамкорӣ дар арсаҳои мухталиф барои таъмини манофеи ду кишвар ва масъалаҳои  мавриди алоқа низ гуфтугӯ шуд . Аз ин дидгоҳ сафари муовини вазири хориҷаи Эрон ба Русия фурсате барои тақвияти равобити Эрону Русия ва таъкид бар истифода аз фурсатҳои мутанаввеъ аст, ки дар заминаи ҳамкориҳои роҳбурдии ду кишвар вуҷуд дорад .

Владимир Сожин-узви аршади Муассисаи шарқшиносии Фарҳангистони улӯми Русия дар ин замина мегуяд: Маскав бидуни шак дар руйхати шарикони авлавиятдори Эрон қарор дорад ва ду кишвар ба шарокат бар асоси мавқеъияти мавҷуд идома хоҳанд дод .

Бо тавваҷуҳ ба маҷмӯъаи ин муаллифаҳо сафари муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон ба Маскав пас аз музокироти Брюссел ба ду далел  дорои аҳамият аст :
Далели аввал ; нақши муштараки Эрону Русия ба унвони ду кишвари мустақил ва қудратманду таъсиргузор бар таҳаввулоти минтақа аст . Ин сатҳ аз равобит дар воқеъ нишонаи ҳамгаройӣ ва чандҷонибагароӣ дар таъомулоти минтақаиӣ аст .
Далели дувум ; роҳбурдӣ будани ҳамкориҳои Эрон ва Русия аст . Эрон акнун ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ва Созмони ҳамкории Шанхай пайваста ва зарфияти онро дорад, ки равобити минтақаӣ ва чандҷонибаро тақвият кунад .
Ончи дар шароити кунунӣ аҳамияти равобити Эрону Русияро шохис карда, рӯйкарди ду кишвар ба тақвияти равобити чандҷониба ва дарозмуддат аст . Стратегияи муштараки Эрон ва Русия тақвияту тавсеаи чандҷонибагаре дар баробари якҷонибагароии Ғарб аст .

Козими Ҷалолӣафири Эрон дар Русия дар бораи зарфиятҳои ҳамкории ду кишвар мегуяд ; " Сатҳи муносиботу ҳавзаи ҳамкориҳои феълии Эрону Русия бисёр фаротар аз даҳаҳои гузашта аст; зимни инки ҳамкориҳои тарафайн амиқтару маънодор тар шуда ва зарфиятҳои зиёде дар равобити ду кишвар вуҷуд дорад, ки бояд дар қолаби барномаи ҷомеъи ҳамкориҳо ба онҳо пардохта шавад " .

Ин сатҳ аз равобит эҷоб мекунад ду тараф ройзаниҳои пайвастае барои истифодаи беҳина аз тамоми зарфиятҳои сиёсӣ – иқтисодӣ ва ҳамгароии амниятӣ дар муқобили таҳдидҳои муштарак дошта бошанд .
Аҳамияти сафари муовини вазири умӯри хориҷаи Эрон ба Маскав ва интизороти ду тараф аз музокироту ройзаниҳои роҳбурдиро мебоист дар ростои ҳамин аҳдоф арзёбӣ кард .



Бештар бихонед:

 

Барчасп