Генерал Ҷалолӣ: Душман стратегияи ҷанги таркибӣ алайҳи моро таъриф кардааст
(last modified 2021-11-06T06:53:33+00:00 )
Ноябр 06, 2021 11:53 Asia/Dushanbe
  • Генерал Ҷалолӣ: Душман стратегияи ҷанги таркибӣ алайҳи моро таъриф кардааст

Раиси Созмони падофанди ғайриомили Эрон ҳамлаи сайберӣ ба сомонаи ҳӯшманди сӯхтро фанноварона ва тахассусӣ унвон кард ва гуфт, душман стратегияҳои ҷанги таркибӣ ва ҳадафгузорӣ алайҳи моро таъриф кардааст.

Ба гузориши Эронпресс, генерал Ғуломризо Ҷалолӣ пеш аз хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафта (14 обони 1400) дар Донишгоҳи Теҳрон тасреҳ кард, дар ҳодисаи ҳамла ба сомонаи ҳӯшманди сӯхт дидем, ки ҳӯшёрии мардум ва ибтикори Садо ва симо барои иттилорасонӣ мунҷар ба хунсо шудани ин тавтеъа шуд, вале бояд бидонем ин нахустин ва охирин ҳамла нест.

Вай афзуд, диққат, ҳӯшёрӣ ва ҷиддӣ талаққӣ кардани таҳдиди як унсур асосе аст, ки бояд ба он пардохта шавад ва наметавонем нисбат ба ин мавзӯ бетавваҷуҳ бошем, ба ҳар ҳол ин ҳодиса як модели ҷанг буд.

Генерал Ҷалолӣ хотирнишон кард, расонаҳо бояд диққат кунанд, ки дар инҷо рақобати дохилӣ матраҳ нест, балки ҷанге аст, ки дар он  душман  стратегияҳои ҷанги таркибӣ ва ҳадафгузорӣ алайҳи моро таъриф кардааст. Бинобар ин ҷиҳатгирии онҳо дар ошкорсозӣ ва дар ҳидояту равшангарии афкори умумӣ бояд, чорчӯби худро дошта бошад ва ба таъбире бояд ҷараёни дохилу хориҷ ва ҳамчунин худӣ ва душманро тафкик кунем, ки ин иқдоми Садо ва симо бисёр муассир ва қобили таҷлил буд.

 

 

Барчасп