Иддаои расонаи русӣ дар бораи сафари Аҳмад Масъуд ба Эрон
(last modified Sun, 07 Nov 2021 06:13:47 GMT )
Ноябр 07, 2021 11:13 Asia/Dushanbe
  • Иддаои расонаи русӣ дар бораи сафари Аҳмад Масъуд ба Эрон

Як расонаи русӣ муддаӣ шуд Аҳмад Масъуд ба Машҳад омада ва бо яке аз раҳбарони ҷиҳодии Афғонистон дидору гуфтугӯ кардааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Аҳмад Масъуд бо паёми раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон ба дидори амир Исмоилхон омада буд .
Ин расонаи русӣ муддаӣ шуд, ки чаҳоршанбе ( 3 ноябр ) Аҳмад Масъуд, фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон  бо Муҳаммад Исмоилхон, фармондеҳи пешини ҷиҳодии Афғонистон дар Машҳад дидор кардааст . Ин расона афзуд : Аҳмад Масъуд дар ин дидор паёми даъвати Эмомалӣ Раҳмон- раиси ҷумҳӯри Тоҷикистонро барои эҷоди ҳукумати фарогир оварда буд.
Спутник ҳамчунин таъкид кард, ки Исмоилхон то кунун ба ин паём посухе надодааст .
То кунун Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар ин хусус чизе нагуфтааст.
Ин дар ҳоле аст, ки пеш аз ин Алии Майсами Назарӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфта буд, ки Масъуд дар Афғонистон ҳузур дорад .