Тавони мӯшакии Эрон меафзояд
(last modified Thu, 10 Nov 2016 09:04:11 GMT )
Ноябр 10, 2016 14:04 Asia/Dushanbe
  • Тавони мӯшакии Эрон меафзояд

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, тавони мӯшакии ҷумҳурии исломӣ сол ба сол бештар мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, генерал-майор Муҳаммади Боқирӣ рӯзи панҷшанбе дар панҷумин солгарди шаҳодати ҷамъии нерӯҳои мӯшакии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон дар Теҳрон афзуд, ҳаракату пешрафтҳои дифоии Эрон он қадар пуршитоб аст, ки ҳама сарони куфр, ки системаи зиддимӯшакӣ тарроҳӣ мекунанд, натавонистанд бар суръат, қудрат ва фарогири мӯшакҳои Эрон ғалаба кунанд. Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон бо ёдоварии таҳдидҳои режими саҳюнистӣ зидди Эрон низ гуфт, поёни ҷанг бо Ҷумҳурии Исломии Эрон маълум нест ва душман залилона шикастро хоҳад пазируфт.

Генерал-майор Боқирӣ бо ишора ба ин ки меҳвари муқовимат рӯз ба рӯз қавитар шудааст, афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон бидуни ҳеҷ чашмдоште ҳатто ба як ваҷаб хоки ҳамсоягону кишварҳои минтақа манофеи худ ва Исломро дунбол хоҳад кард.