Оғози размоиши муштараки Зулфиқор 1400-и артиш
Мароҳили аслии размоиши муштараки Зулфиқор 1400-и артиш и Ҷумҳурии исломии Эрон оғоз шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ситоди таблиғоти размоиш, мароҳили аслии размоиши муштараки Зулфиқор 1400-и артиш
имрӯз ( якшанбе ) бо номи муқаддаси ”Ё Расулуллоҳ ( с ) бо ҳузури густардаи қисмҳои пиёда, зиреҳӣ ва механикии неруи заминӣ, сомонаҳои падофандии неруи падофанди ҳавоӣ, шиноварҳои сатҳӣ ва зерисатҳии неруи дарёӣ бо пуштибонии ҷангандаҳо ва паҳподҳои неруи ҳавоӣ дар савоҳили Макрон(ҷануби Эрон) оғоз шуд .
Дарёдор Сайид Маҳмуди Мусавӣ-сухангӯи размоиши муштараки Зулфиқор 1400-и артиш гуфт : Амалиёти ҷамъоварии иттилооти электруникӣ ва сигнали зиддиэлектроникии неруҳои муҳоҷим бо истифода аз сомонаҳои шунуд ва ҷиҳатёби қисмҳои тактикӣ ва соҳилӣ, бо анвоъи паҳподҳои шиносоии Эрон, нзири Абобил 3, Исор, Содиқ, Муҳоҷир 4 ва Симурғу анвоъи ҳавопаймоҳои шиносоӣ шомили PF3, RF4 ва Боинг 707 бо муваффақият иҷро шуд.
Дарёдор Мӯсавӣ афзуд : Назорати ҳарими ҳавои кишвар ва минтақаи умумии размоиш дар паҳнаи обии ҷануби Эрон ва иҷрои оташи сомонаҳои падофандӣ барои муқобила бо аҳдофи мутахосим ва амалиёти гашти ҳавоӣ бахши дигаре аз сенариюҳое аст, ки дар размоиши муштараки Зулфиқор 1400-и артиш
тамрин хоҳад шуд .
Дарёдор Мӯсавӣ барқарории амният дар минтақаи ғарби Осиёро бо такя бар тавону иттиҳоди кишварҳои минтақа амалӣ донист ва гуфт : Паёми размоиши муштараки Зулфиқор 1400-и артиш
ба кишварҳои минтақа омодагӣ барои барқарории сулҳу дӯстӣ бо такя бар зарфиятҳои даруни минтақаӣ аст; чаро ки таърих собит карда соири кишварҳои фароминтақаӣ, бозигарони ҷангталабу ноамнкунанда будаанд ва ҷуз ноамнӣ,ҷангу ишғол армуғони дигаре барои минтақаи ғарби Осиё надоштаанд .
Ба гуфтаи сухангӯи размоиши муштараки Зулфиқор 1400-и артиш
ҳамаи мароҳили ин размоишро коршиносони хубраи Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ, қароргоҳи марказии ҳазрати Хотамуланбиё ( с ) ва артиши Ҷумҳурии исломии Эрон мавриди арзёбӣ қарор хоҳанд дод .