Исроил ба дунболи табдили Каронаи бохтарӣ ба Ғаззае дигар
-
Исроил ба дунболи табдили Каронаи бохтарӣ ба Ғаззае дигар
Порс-Тудей. Баррасиҳои як нашрияи англисӣ нишон медиҳад, режими саҳюнистӣ бо истифода аз тактикаҳое, ки алайҳи борикаи Ғазза иҷро кардааст, ба дунболи густариши таҷовузгарии низомии худ дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун аст.
Рӯзномаи англисии “Фойнешнел Таймс” дар гузорише гуфт, ки режими саҳюнистӣ даст ба густариши абъоду танаввуи ҳамалоти худ алайҳи Каронаи бохтарӣ зада ва беш аз ҳар замоне алайҳи ин минтақа аз ҳамалоти паҳподӣ, истиқрори тонку ҳамалоти васеъ истифода мекунад.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз Исна, дар ин гузориш хотирнишон шудааст, Каронаи бохтарӣ ҳамзамон бо густариши хушунату ҳамалоти шаҳракнишинҳои саҳюнист алайҳи фаластиниҳо дар маърази «ғаззаӣ шудан» қарор дорад.
Бар асоси эъломи “Фойнешнел Таймс”, артиши Исроил тайи 18 моҳи гузашта ба тарзе физоянда дар ҳоли истифода аз тактикаҳо ва таслеҳоте аст, ки мукарраран алайҳи борикаи Ғазза истифода шуданд, аммо солҳо дар Каронаи бохтарӣ ба кор нарафта буданд. Ин вазъият боис шудааст, ки гуруҳҳои имдодрасону нозирони ҳуқуқи башарӣ ҳушдор диҳанд, ки Каронаи бохтарӣ дар остонаи табдил шудан ба Ғаззае дигар аст.
Тибқи эъломи дафтари ҳамоҳангии умури башардӯстонаи СММ, низомиёни режими саҳюнистӣ аз ҳафтуми октябри 2023 беш аз 900 фаластиниро дар Каронаи бохтарӣ ба шаҳодат расондаанд, ки ин боис шуда солҳои 2023 ва 2024 маргбортарин солҳо барои фаластиниҳои ин минтақа шавад.
Амалиётҳои режими саҳюнистӣ дар Каронаи бохтарӣ илова бар ба бор овардани рекорди ҷадиде аз шуҳадои фаластинӣ, ба тахриби ҳаҷми чашмгире аз ҷодаҳову хонаҳо, оворагии ҳазорон нафар ва ҷорӣ кардани маҳдудияти густарда барои таҳаррук, ки зиндагии беш аз 3. 3 миллион фаластиниро мухтал сохта, мунҷар шудаанд.
Иброҳим Далолша, як таҳлилгари умури Фаластин мегӯяд, сиёсатҳои кабинаи режими саҳюнистӣ дар ин раванд дахил будааст, чун муттаҳидони рости ифротии Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ шомили Бетсалел Смутрич ва Итамар Бен Гвир исрор бар иҷрои таҷовузгарии бештаре дар Каронаи бохтарӣ доранд.
Созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ин раванди ташдиди ҷиноёти Исроил алайҳи фаластиниҳои Каронаи бохтариро маҳкум кардаанд. Дафтари ҳуқуқи башари СММ сароҳатан эълом кард, иқдомоти ин режим дар Каронаи бохтарӣ ба унвони як минтақаи ғайриҷангӣ ноқизи қавонини байналмилалӣ ҳастанд.