Номаи Эрон ба Шӯрои Амният дар пайи таҳдидҳои Натанёҳу
(last modified Tue, 06 May 2025 05:15:44 GMT )
Май 06, 2025 10:15 Asia/Dushanbe
  • Номаи Эрон ба Шӯрои Амният дар пайи таҳдидҳои Натанёҳу

Порс-Тудей. Сафир ва намояндаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи душанбе эълом кард, ҳар гуна моҷароҷӯии низомии Амрико ё режими саҳюнистӣ бо посухи фаврӣ ва мутаносиби Эрон мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Амир Саиди Еравонӣ дар нома ба раиси давраии Шӯрои амният ва дабири кулли СММ дар хусуси таҳдидоту иттиҳомоти ахири нахуствазири режими саҳюнистӣ таъкид кард: Ҳар гуна моҷароҷӯии низомӣ аз сӯи Иёлоти Муттаҳида ё ноиби он - режими саҳюнистӣ, аъам аз иқдом алайҳи ҳокимият, тамомияти арзӣ ё манофеи миллӣ ва ҳаётии Ҷумҳурии исломии Эрон, бо посухе фаврӣ, мутаносиб ва машруъ мувоҷеҳ хоҳад шуд. /Хабаргузории садо ва симо