Ноябр 11, 2021 10:06 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Шамхонӣ бар густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Эрону Қирғизистон

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар дидор бо ҳамтои қирғизистонии худ бар зарфиятҳои илмӣ, фаннӣ ва транзитии Эрон ва ҳамкории ин кишвар дар ин заминаҳо таъкид кард.

Алии Шамхонӣ, ки барои ҳузур дар сеюмин нишасти амнияти минтақави ба Деҳлии Нав сафар кардааст, баъд аз зуҳри (чаҳоршанбе) бо ҳамтои қирғизистонии худ дидор ва гуфтугӯ кард.

Шамхонӣ дар ин мулоқоти дуҷониба бар лузӯми ҳамкории ду кишвар, ки дар як минтақа ҳастанд таъкид кард ва гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонад ва моил аст, ки аз зарфиятҳои худ барои тавсеа ва рушди минтақа истифода кунад.

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон хитоб ба Марат Имонкулов, ҳамтои қирғизистонии худ афзуд: Эрон зарфиятҳои илмӣ, фаннӣ ва транзитии фаровоне дорад, ки метавонад дар ин заминаҳо бо шумо ҳамкорӣ кунад.

Шамхонӣ бо ишора ба таҳаввулоти Афғонистону барномаи ғарбиҳо дар ноамнсозии минтақа, бар лузӯми мушорикати ҳамаи кишварҳои минтақа дар кумак ба мардуми Афғонистон ва бархӯрд бо авомили ноамнсоз таъкид ва ибрози умедворӣ кард, ки ду кишвар битавонанд дар ин хусӯс ҳамкориҳои бештаре дошта бошанд.

Имонкулов низ дар ин дидор зимни таъкид бар аҳамияти фаровони равобити дуҷониба бо Эрон, бар лузӯми густариши ҳамкориҳо бавижа дар ҳавзаи амнияти минтақа таъкид кард ва гуфт, мо имконоти хубе дар заминаи кишоварзӣ ва энержиҳои таҷдидпазир дорем, ки метавонем дар равобити фимобайн аз он истифода кунем.

Барчасп