Тахти Равончӣ: Итминон ҳосил шавад, ки хоки Афғонистон ҳаргиз барои фаъолиятҳои террористӣ истифода намешавад.
(last modified 2021-11-18T07:20:37+00:00 )
Ноябр 18, 2021 12:20 Asia/Dushanbe
  • Тахти Равончӣ: Итминон ҳосил шавад, ки хоки Афғонистон ҳаргиз барои фаъолиятҳои террористӣ истифода намешавад.

Намояндаи Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт: Бояд итминон ҳосил шавад, ки хоки Афғонистон ҳаргиз барои фаъолиятҳои террористӣ истифода намешавад.

Тахти Равончӣ дар нишасти Шурои Амнияти ин созмон дар бораи вазъияти Афғонистон бо баёни ин ки бояд талошҳои мавози барои пешгири аз фурупошии комили иқтисоди Афғонистон сурат гирад афзуд: Вазъияти башардӯстона бисёр нигаронкунанда аст ва бо наздик шудани фасли зимистон, мардуми Афғонистон бо як буҳрони инсонии қарибулвуқуъ рӯ ба рӯ ҳастанд.

Намояндаи Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид афзуд: Эрон ба унвони кишвари ҳамсоя ва бар асоси пайвандҳои муштараки таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва мазҳабии қавӣ байни ду миллат наметавонад нисбат ба мушкилоти мардуми Афғонистон бетафовут бимонад.

Намояндаи Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид бо баёни ин ки ҳамалоти террористии ахир дар Афғонистон бисёр нигаронкунанда аст, афзуд:Ташкили як ҳукумати фарогир ва мунтахаби мардумӣ бо мушорикати ҳамаи гуруҳҳои қавмӣ ва мазҳабӣ ба мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои созмонёфта ва тазмину ҳимоят аз ҳуқуқи мардум бар асоси риояти ҳуқуқи башар барои ҳамаи мардуми Афғонистон, шомили ҳар қавму забоне, ақалиятҳои мазҳабӣ ва занон барои эҷоди як Афғонистони амну босубот ва рифоҳ барои мардум ҳаётӣ аст.

Барчасп