Паёми таслияти раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар пайи даргузашти ҳуҷҷатулислом валмуслимин Муҷтаҳиди Шабистарӣ
(last modified 2021-11-18T08:41:31+00:00 )
Ноябр 18, 2021 13:41 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар пайи даргузашти ҳуҷҷатулислом валмуслимин  Муҷтаҳиди Шабистарӣ

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо судури паёме даргузашти олими муҷоҳид ҳуҷҷатулислом валмуслимин Ҳоҷшайх Муҳсини Муҷтаҳиди Шабистариро таслият гуфтанд.

Ҳазрати Оятулло Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо судури паёме даргузашти олими муҷоҳид ҳуҷҷатулислом валмуслимин Ҳоҷишайх Муҷтаҳиди Шабистариро таслият гуфтанд.

Матни паёми раҳбари Инқилоби Исломӣ ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳи -р-раҳмони -р- раҳим

Даргузашти олими муҷоҳид ҷаноби ҳуҷҷатулислом валмуслимин оқои Ҳоҷишайх Муҳсини Муҷтаҳиди Шабистариро ба хонаводаи гиромӣ ва фарзандони арҷуманд ва ҳамаи иродатмандони эшон дар Теҳрон ва Озарбойҷон таслият арз мекунам. Ин олими бузургавор аз ҷумлаи мувафақтарин руҳониёни фаъол дар хадамоти иҷтимоӣ ва ҳидояти умумӣ ва идораи ҳавзаи илмия дар Теҳрон ва Табрез буданд. Талошҳо ва заҳматҳои эшон дар даврони тулонии имомати ҷумъаи Табрез фаромуш нашуданӣ аст ва осори мондгори он марҳум дар ҳавзаи илмияи Теҳрон ва ғайра мувҷиби ҷалби раҳмати илоҳӣ ба эшон аст. Иншоаллоҳ аз Худованд Мутаъол мағфират ва улувви дараҷоти ин олими бурузгаворо масъалат мекунам.

Сайд Алии Хоманаӣ 27 обони 1400

Барчасп