Ҳамлаи кибирнетикӣ ба ҳавопаймоии Моҳони Эрон беасар шуд
(last modified Sun, 21 Nov 2021 09:58:48 GMT )
Ноябр 21, 2021 14:58 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи кибирнетикӣ ба ҳавопаймоии Моҳони Эрон беасар шуд

Ҳавопаймоии Моҳони Эрон дар вокуниш ба хабари ҳамлаи сойбирӣ(кибирнетикӣ) ба ин ширкат эълом кард : Бахши амнияти сойбирии Моҳон ҳушмандона ҳамалоти сойбириро беасар кардааст ва тамоми парвозҳои Моҳон тибқи барнома дар ҳоли анҷом аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, равобити умумии ҳавопаймоии Моҳони Эрон дар иттилоъияе эълом кард : Дар паи интишори хабари ҳамлаи сойбирӣ ба системаҳои ширкати ҳавопаймоии Моҳони Эрон ба итилоъ мерасонад, бо назардошти ҷойгоҳи ҳавопаймоии Моҳон дар саноъати ҳамлу нақли ҳавоии кишвар ин гуна ҳамалот ба дафъоти мухталиф ва дар замонҳои гуногун нисбат ба ин ширкат анҷом ёфта то шояд битавонанд халале бар амалкарди он ворид кунанд .
Ин иттилоия меафзояд : Ин мавзӯъ як иттифоқи одӣ арзёбӣ мешавад ва ҳамвора тими амнияти сойбирии Моҳон ҳушмандона ва саривақт вориди амал шуда ва ин ҳамалотро беасар кардааст . Аз ин рӯ ба ин васила эълом медорад тамоми парвозҳои Моҳон тибқи барнома дар ҳоли анҷом ва парвозҳои оянда низ тибқи замонбандии қаблӣ анҷом хоҳад пазируфт .