Таъкид бар тавсеаи ҳамкории Эрону Тоҷикистон дар заминаи сайёҳӣ
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, бо раиси Кумитаи сайёҳии ин кишвар дидор кард.
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон ва раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон бар густариши беш аз пеши муносиботи фимобайн ва иҷрои ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳои Теҳрону Душанбе дар ҳавзаи сайёҳӣ таъкид карданд.
Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе дар ҳисоби корбарии худ дар “Инстаграм” навишт: Дар дидор бо Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тавваҷуҳ ба иштирокот ва пайвандҳои фаровони Эрону Тоҷикистон, бар густариши беш аз пеши муносиботи фимобайн ва иҷрои ёддошти тафоҳуми ҳамкорҳои ду кишвар дар ҳавзаи сайёҳӣ таъкид шуд.
Собирӣ ҳамчунин дар ҳисоби корбарии худ дар “Инстаграм” аз дидори худ бо Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон хабар дод.
Муҳаммадтақии Собирӣ, дар мавриди ин дидор навишт: Бо тавваҷуҳ ба иштирокот ва пайвандҳои фаровони Эрону Тоҷикистон, заминаҳои густариши муносиботу ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳунарии ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабон, баррасӣ ва табодули назар шуд.
Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар нахустин сафари хориҷии худ ба даъвати расмии Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони раиси давраии Созмони Ҳамкории Шанхай ва ба манзури ширкат дар иҷлоси сарони ин созмон ба ин кишвар сафар кард.