Гуфтугӯи телефонии Амирабдуллоҳиён бо Ҷозеп Боррел
(last modified Fri, 26 Nov 2021 14:10:02 GMT )
Ноябр 26, 2021 19:10 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии Амирабдуллоҳиён бо Ҷозеп Боррел

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, агар тарафҳои муқобил омодаи бозгашт ба тааҳҳудоти комили худ ва рафъи таҳримҳои ғайриқонунии Амрико зидди Эрон бошанд, дастёбӣ ба як тавофуқи хуб ва ҳатто фаврӣ имконпазир аст.

Ба гузориши Идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангӯии Вазорати умури хориҷаи Эрон, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯии телефонӣ бо Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо таъкид кард, бо вуҷуди аҳдшикании Амрико ва се кишвари аврупоӣ дар БарҶом, Эрон бо ҳусни нияту ҷиддият дар музокироти Вена ҳузур меёбад ва хоҳони тавофуқи хубу қобили ростиозмоӣ аст.

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо низ бо ишора ба тамосҳои худ бо тамомии тарафҳо ба унвони масъули ҳамоҳангкунандаи комиссиюни муштараки БарҶом гуфт, дар музокироти Вена баҳсҳои фишурдаву муфассале, ба вижа бар рӯи мавзӯоти муаввақ ва рафъи таҳримҳо бояд анҷом бигирад ва эҳтимоли ин ки ҳама битавонанд ба шакли аслии БарҶом бозгарданд, вуҷуд дорад.

Ҷозеп Боррел ҳамчунин бо ишора ба тааҳҳудоти Амрико афзуд, танҳо роҳи бардоштани таҳримҳо эҳёи БарҶом аст, ки аз ин тариқ ҳам Эрон ба ҳуқуқи худ мерасад ва ҳам ҷомеаи байналмилал аз моҳияти сулҳомези барномаи ҳастаии Эрон итминон пайдо мекунанд.

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ибрози умедворӣ кард, ки ҳамаи тарафҳо бо рӯйкарди мусбат ва амалгароёна ва бо иродаи муҳкам барои гуфтугӯ дар бораи масоили тавофуқнашуда ва рафъи таҳримҳо вориди музокироти Вена шаванд.

 

Бештар бихонед: